Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
ДАР ШИНОХТИ ШЕЪРИ НАҒЗ
1 Барои таълифи ин сатрҳо мақолаи профессор Абдунабӣ Сатторзода «Дар ҷустуҷӯи шеъри нағз» («Адабиёт ва санъат», 17.02.2011, № 7) баҳона шуд. Мақолаи ангезанда буд. Дар он зимни баррасии эҷодиёти Камол Насрулло ба баъзе аз хусусиятҳои шеъри имрӯз низ дахл шуда, фикрҳои ҷолиб ва ҷо-ҷо баҳсталаб баён гардидаанд. Албатта, Камол Насрулло аз шоирони хеле фаъол ва аз пешгомони шеъри рӯз аст. Баноан, баррасии шеъри ӯ ба намоён кардани бисёр ҷанбаҳои таҳаввули шеъри навини мо, бешубҳа, мусоидат мекунад. Хусусан маҷмӯаҳои солҳои охири ӯ – «Фаросӯи нигоҳ» (2007) ва «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010) ҳам дар эҷодиёти худи Камол Насрулло як марҳалаи тоза ҳастанд ва ҳам дар шеъри имрӯзи мо падидаҳои хеле ҷолибанд. Биноан месазад, ки онҳо ва умуман эҷодиёти шоир мавриди баррасӣ ва гуфтугузори ҷиддӣ қарор гиранд, то ба ин васила ҷиҳатҳову паҳлуҳои гуногуни шеъри имрӯз баррасӣ ва равшан шаванд.
Шахсан барои ман дар бораи чеҳраи адабӣ ва шеъри Камол Насрулло сухан гуфтан ҳам осон асту ҳам душвор.
Осон аст барои он, ки хислатҳои инсонӣ, вижагиҳои адабӣ ва коргоҳи эҷодияшро хуб омӯхтаам, тақрибан тамоми шеърҳои 10-15 соли охири ӯро дар шакли мусаввадаву дастнавис хондаам, аз ҳолатҳову ангезаҳои эҷоди аксари онҳо огоҳам. Душвор аст барои он, ки ҳамаи таассуроту андешаҳоямро гӯиё ба шоир гуфтаам ва, ба қавле, «сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд».
Бо вуҷуди ин, баъди мутолиаи китобҳои «Фаросӯи нигоҳ» ва «Рӯ ба меҳроби Ватан», инчунин пас аз хондани мақолаи А.Сатторзода андешаҳое пайдо шуданд оид ба шеърҳои тозаи Камол ва умуман перомуни эҷодиёти ӯ, ки баъзе аз онҳоро мехоҳам иброз дорам.
Мушаххастарину намоёнтарин хусусияти эҷодиёти Камол Насрулло умуман ва маҷмӯаҳои «Фаросӯи нигоҳ» ва «Рӯ ба меҳроби Ватан» хусусан талқини меҳру муҳаббат ба Ватан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё