Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин мавзӯъ, ки ҳамеша мавриди таҳқиқи бадеӣ ва аксаран тавсифу тараннуми адибон, хоса шоирон, қарор дорад, дар ашъори Камол ҳар дафъа аз паҳлуи нав намоён мешавад, бо тобиши дигар ҷило медиҳад, маъниву мазмуни тоза касб мекунад ва агар ҳатто чунин паҳлуву тобишу маънӣ қаблан аз шеъри шоири дигар ё худи Камол ба мо ошно намояд ҳам, боз мебинем, ки ҳарфи ногуфтае, намои нодидае ва маънии нуҳуфтаеро ӯ ёфтааст, дидааст, ошкор намудааст ва ҳазм кардаасту гуфтааст.
Масалан, дар шеъри «Чист номат?» шоир ба Тоҷикистон сифату нишону ормонҳоеро мансуб медонад, ки маъмулан онҳоро шахси ошиқ ба маъшуқа нисбат медиҳад ё каси ибодатгару лобагӯ ба мавҷуди олӣ:

… Чист сӯзат, чист созат, чист ишқат? – Тоҷикистон!
Чист дар чашми сурурафшон сиришкат? – Тоҷикистон!
Қиблае, ки мекунӣ сӯяш ибодат? – Тоҷикистон!
Дар забонат охирин ҳарфи шаҳодат? – Тоҷикистон!

Ҳамин маънӣ дар шеъри «Дар баҳои ҷон» мазмуну тобиши фалсафӣ касб намуда, дар байти мақтаъ Ватан ҳаммаънои арзишмандтарин дороии инсон, яъне имон дониста мешавад:

Он чист, ба ҳеҷ қимате нафрӯшанд,
Он чист, ки дар баҳои ҷон аст? – Ватан!

Дар шеъри «Ватан дар ҷон», чунон ки аз унвонаш низ маълум аст, шоир «Ватан ҷоне, ки дар ҷони ману туст»
мегӯяду ба ин маънӣ қонеъ намешавад ва онро кам медонаду таъкид мекунад, ки «Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!»
Шакли ин шеърҳо ва бисёр шеърҳои дигари китобҳои «Фаросӯи нигоҳ» ва «Рӯ ба меҳроби Ватан» ба истилоҳ хитоба аст, шоир дар онҳо хитобан ба мухотаб сухан мегӯяд, то ҳадафаш равшантару муассиртар бошад. Вале хитоба шакли зоҳирӣ, ба истилоҳи адабиётшиносӣ бигӯем, шакли мазмунии чунин шеърҳост. Маъниҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ, яъне шеъре, ки дар пасу зимни ин хитобаҳо ниҳон аст, на ҳамеша фаҳмрасу назарнамост.

пешина
аз 202
навбатӣ