Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз сӯи дигар, Саидалӣ Маъмур шоирест, ки шеваву лаҳну оҳанги гуфтори худро дорад. Ӯ дар аксари жанру шаклҳои шеъри анъанавӣ эҷод кардааст, дар арӯзи озод қувва озмудааст, ғазалҳои ошиқонае дорад, ки наметавон бидуни ҳаяҷон қироат кард, мисли:
Бе ту ҳаво намерасад, бар дили сактадори ман,
Сактаи шеър кам шуду сактаи меҳр бори ман.
Шоми зиёд субҳ шуд, шоми фироқи ман бимонд,
Бе ту сафо намерасад бар шаби ҳаҷру тори ман.
Гашта баҳор гулбасар, мурғи ҳазор нағмагар,
Бе ту наво намерасад аз чамане, ҳазори ман…
Саидалӣ шеърро муқаддас ва маънии ҳаёти худ медонад ва ин маъниро дар бисёре аз ашъораш гаштаву баргашта таъкид мекунад, аз ҷумла:
Он гунае, ки сӯи Худо оварам ниёз,
Бошад ҳаме ба сӯи сухан ҳам ниёзи ман.
Бо меҳру эътиқод бихонам намози худ,
То коғази сафед бувад ҷонамози ман.
Дар ин айёми камолоти шоирӣ ва 70-умин солгарди умри пурбаракаташ ба ин суханвари мумтоз дар ҷодаи шеъри бонизом тавфиқ хоҳонем.
Октябри соли 2014

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё