Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Вале идомату таҳаввули ин равияи услубӣ дар ҷараёни фаъолияти эҷодии ӯ пайваста ва якранг набудааст, балки асосан ба давраҳое мансуб аст, ки зиндагӣ, фаъолият ва муборизаи халқро ҳиссиёти пурҷӯшухурӯше фаро гирифта, ҳадафҳои сиёсӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ дар динамикаи афкор, дар ҳаракати ҷараёни эҳсосот ошкор мегардид. Замони Инқилоби машрута дар Эрон, шӯриши солҳои 1921- 1922 дар Гелон ва Озарбойҷони Эрон, ки шӯриши Лоҳутихон дар Табрез қисме аз он ҷунбишҳои халқӣ буд, солҳои сохтмони сотсиализм дар Иттиҳоди шӯравӣ, ки мардумро руҳбаландии беназири сиёсӣ, маърифатӣ ва меҳнатӣ фаро гирифта буд, инчунин давраи Ҷанги бузурги ватанӣ, ки ҳисси қаҳрамонӣ, диловарӣ ва ватандӯстии халқи шӯравӣ ба авҷи аъло расида буд, барои ривоҷи жанрҳои махсуси публитсистӣ (очерк, мақола, памфлет, марш, суруду тарона ва ғ.) ва услуби публитсистӣ касб кардани анвоъу жанрҳои дигари адабӣ, хосса шеър, заминаҳои таърихиву иҷтимоии мусоид фароҳам овардаанд.
Ғазалҳои «Ё ҳар ду?» (1909), «Маънии одам» (1910), «Эй хуш он рӯзе, ки дунёро даруни хун бубинам» (1912), «Яке Руму яке Юнон парастад» (1916), «Қасри доро, ки чунин поку мунаққаш бошад» (1917), «Дос ар кашад, ки гардани султон ҳамезанам», «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (1922), «Коргар, дафъи ҷафоро гар бихоҳӣ, метавонӣ» (1923), «Эй фаълаи Машриқ, алами сурх бапо кун» (1924), «Супориши модари узбек» (1941), «Гитлери нокас ҳунар ҷуз қатлу вайронӣ надорад» (1942), «Эй тӯдаи номовари Эрон, наҳаросем!» (1948), «Ба ҳизби раҳнамои мо» (1953), «Деви ҷанги нав ба олам аспи ваҳшат медавонад» (1954) ва даҳҳо ғазали дигар, ки номбурди ҳамаи онҳо ин ҷо имкон ва зарурат надорад, ба ҳамин равияи публитсистӣ мунсубанд.
Бояд гуфт, ки мабдаъ ва ҷанбаи публитсистӣ дар тамоми ашъори мазбур ба як андоза нест. Дар баъзе аз онҳо оҳангу лаҳни публитсистӣ, даъвату хитобаҳои ошкоро тасаллути комил дорад, сухану руҷуъҳо ва хитобаву даъватҳои каҳрамони ғиноӣ бар баррасиҳои мантиқӣ ва даъвову ҳукмҳои қотеъ асос ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё