Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Вале аз ин хусусиятҳо набояд чунин хулоса бароварда шавад, ки ин гуна шеърҳо аз ҳиссиёт комилан орӣ бошанд. Баръакс, масалан, дар ғазали «Эй хуш он рӯзе, ки дунёро даруни хун бубинам» эҳсосоти ғазаболуду пур аз нафрат ва рӯҳияи арабадаҷӯёнаву пархошталабона аз ҳар таъбиру мисраъ, аз муҳтавову мазмун ва лаҳну оҳанги ҳар сухан ҷӯш мезанад:
Эй хуш он рӯзе, ки дунёро даруни хун бубинам,
Ин фазоро хуну гардунро дар он ворун бубинам!..
Чанд ҳайвонсиратонро сурати инсон бихонам,
Чанд дунёро ба дасти мардумони дун бубинам?!
Даҳр нокас, чарх хоин, халқ нодон, дӯст душман,
Чун бимонам, чун бихоҳам, чун бисозам, чун бубинам?!
Арзиши маъноиву бадеии ғазалиёте, ки ба равияи публитсистии услуб мансубанд, қабл аз ҳама бар мазмунҳои амиқу воқеии иҷтимоӣ, гарониву равшании маънии ҳар сухан, ғояи возеҳу пуршукӯҳи шеър асос ёфтааст. Фалсафаи иҷтимоӣ ва мазмуни инқилобиву гуманистие, ки ҳар калима, таъбир, мисраъу байти ғазалиёти публитсистиро фаро гирифтааст, инчунин лаҳни мутантану оҳанги мавзуни ин шеърҳо муҳаққиқонро бар он водоштааст, ки Лоҳутиро поягузори як навъи махсуси ғазал – ғазали сиёсӣ дар адабиёти форсу тоҷик номанд (ниг.: М. Давлатов. Асари мазкур, саҳ.
46-80; З.Н. Ворожейкина. Абулькасим Лахути. В кн.: Лахути. Стихотворения и поэмы. – Л., 1981, стр.20).
3 Омезишу пайванди публитсистика ва лирика, тарзи ифодаи ҳиссиётписанди мавзӯъ ва матлабҳои иҷтимоиву сиёсӣ, мазмуну моҳияти фалсафиву ахлоқӣ касб кардани мафҳумҳои марбут ба маънии ҳастӣ, иҷтимоъ ва шахс дар ғазалиёти Абулқосим Лоҳутӣ як равияи махсуси услубиро ташкил медиҳад. Ин равияро метавон публитсистикаи лирикӣ (ғиноӣ) ва ё лирикаи публитсистӣ номид – дар ҳарду маврид ҳам моҳияти мундариҷаву услуби чунин ашъор дар пайванди таркибии ин ду мабдаъу ҷанбаи эҷодӣ ба зуҳур меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё