Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми ба яке аз равияҳои услубӣ мансуб донистани ғазале мо унсурҳоеро ба эътибор гирифтаем, ки дар ифодаи мазмун ва рӯҳи шеър нисбат ба ҷузъиёту нишонаҳои дигари услубсоз фаъолтаранд ва бар онҳо тасаллут дошта бошанд. Ба ин маънӣ, агарчи дар баъзе ғазалҳои публитсистии лирикӣ унсурҳои дигар равияҳои услубӣ ҳузур дошта бошанд ҳам, онҳо барои ифодаи матлаб ба сифати манзари бадеӣ хизмат намудаанд.
2 Тарзи публитсистӣ ё шиориву урёни ифодаи матлаб, дар маҷмӯъ бигирем, ба шеъри анъанавии форсиву тоҷикӣ (ба истиснои порчаҳои ҷудогона дар ҳамоса), хусусан ба жанрҳои ғиноӣ, хос набуд, ҳарчанд унсурҳои ин услуб дар ҳаҷвияҳо, мутоибот, ғазалиёти иҷтимоӣ ва шаҳрошубҳои баъзе аз шоирони гузашта ба нудрат дида мешаванд.
Замони инқилобҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва навсозиҳои азими ҷамъиятиву маънавӣ, замоне, ки «гӯяндагон хостанд бо гурӯҳи бузургтаре сару кор дошта бошанд, яъне мухотаби шоир аз иддаи маъдуди хос ба анбӯҳи касири миллат табдил шуд» (П.Н. Хонларӣ. Пасту баланди шеъри нав. – «Сухан», 1341, № 2, саҳ. 142-153), сухани ошкоро ва ҳамафаҳми шоиронаро тақозо намуд. На танҳо ба тағйири қолабу шаклҳои шеър, балки ба тағйири тарзу услуби гуфтори шоирона эҳтиёҷ ба миён омад. Яъне равияи публитсистии услуб дар шеър бо тақозои шароити таърихиву иҷтимоӣ, дар натиҷаи эҳтиёҷи шоир ба ошкоро, рӯирост, бепарда ва ҳатто як андоза урён баён кардани матлаб ва эҳсосоти қалбиву андешаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ташаккул ёфт. Ҳамон замон буд, ки Лоҳутӣ саволу хитобҳои оташини ҷонгудозеро мисли:

Ватан вайрона аз ёр аст ё ағёр, ё ҳар ду?!
Мусибат аз мусалмонҳост ё куффор, ё ҳар ду?!

ба миёни оммаи мардум мепартофт.
Оре, равияи публитсистӣ дар ғазалиёти Лоҳутӣ аз замони
Инқилоби машрута дар Эрон (1906-1911), яъне тақрибан аз оғози фаъолияти шоирӣ то охирин лаҳзаҳои эҷодиёташ давом кардааст.

пешина
аз 202
навбатӣ