Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Шеъри ман сарномаи ҳоли ман аст,
Розгӯи ҳолу аҳволи ман аст.
Ман нахоҳам бахту иқболи дигар,
Шоириам бахту иқболи ман аст.
Оре, аз бисёр шеърҳои ба ин мавзӯъ бахшидаи шоир бармеояд, ки новобаста ба синну сол доғи ятимӣ як умр дили ӯро месӯзонад, дарду ҳасрати фавти додарро гузашти солҳо аз лавҳи дилу хотираш ситуда наметавонад. Воқеа, падида, рӯйдод ва ҳолатҳои гуногун риштаи хаёлоту эҳсосоти шоирро ба ёди модару додару падар мепайванданд ва шеъре тавлид мешавад, ки лаҳзае ё муддате ғамзудои дили ӯ мегардад, мисли:
Шамол омад, дарахте решакан шуд, –
Дарахте соягустар бар сари ман.
Зи нав аз модари худ ёд кардам,
К-аз ӯ буд қуввати болу пари ман.
Ё дар шеъре дигар:
Модарам, он модари сисолаам,
То кунун сисола тобад дар дилу дар дидагон.
Додарам, он додари шашсолаам,
Мешавад ҳар рӯз ҳамроҳам калон.
Шеърҳои «Хурд будам», «Ёди модар», «Нони модар», «Имшабу шабҳои дигар», «Дилам бисёр мехоҳад…», «Ангушти қаноат», «Ман дарахти ёдгори модарам», «Маҷнунбед» ва ғ. ба ёди модар, «Хокӣ», «Акси модар» ба хотираи додар, «Падар», «Аскари нанг», «Дарахти ёдгор» ба ёдбуди падар бахшида шудаанд. Бояд таъкид кард, ки ин ва ҳамин қабил шеърҳо дар доираву сатҳи ҳасби ҳол маҳдуд нестанд, балки меҳру шафқат, зарурати ғамшарикиву ҳамдардиро байни инсонҳо, инчунин одамияту инсонгароиро дар зиндагӣ тарғиб мекунанд ва аҳамияти гуманистии онҳо низ дар ҳамин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё