Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Тавсеа ва густариши ин мавзӯъ пеш аз ҳама дар шеърҳое зоҳир мешавад, ки ба васфу ситоиши Ватан бахшида шудаанд. Дар ин гуна ашъор халоеро, ки дар дилу хотираи шоир аз набудани падару модар вуҷуд дошт, меҳру муҳаббати Ватан пур мекунад, чунон ки худи шоир мегӯяд:
Падари ман набуд сарватманд,
Лек сарват бимонд аз ӯ бар ман.
Падари ман набуд давлатманд,
Лек давлат бимонд аз ӯ бар ман, –
Давлати пойдори ман, Ватанам!
Модари ман надид умри зиёд,
Ман аз ӯ умри бештар дидам,
Нашудам сер аз канори ӯ,
Дар барам модари дигар дидам, –
Модари ғамгусори ман, Ватанам!..
Тавсифу ситоиши Ватан дар эҷодиёти Саидалӣ Маъмур яке аз мавзӯъҳои марказист ва дар жанрҳои гуногуну бо услубҳои гуногун сурат мегирад. Гоҳ қаҳрамони ғаноии шеъри ӯ ҳангоми омодагӣ ба сафар ва видоъ бо модар ҳалқа задани ашкро дар чашмони ӯ мебинаду ба хотири таскини дилаш мегӯяд:
Хоки Ватанам ба ҷон азиз аст,
Бар ганҷи Яман намесупорам.
Берун шавам ар зи хонаи ту,
Бо ёди ту ман қадам гузорам.
Гоҳи дигар модар бо ёди фарзанди шаҳидаш, ки барои ҳимояи Ватан ба ҷанги зидди фашизм рафта буд, бо сари баланд аз некномии писари азизаш, нидо мекунад:
… Вақте ба дӯши хеш гирифтӣ ту кӯлбор,
Вақте ҷудо шудӣ ту аз оғӯши кӯҳсор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё