Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
возеҳи баёнро интихоб намуд, зиндагиномаи худ, мушоҳидаву мулоҳизаҳояшро аз рӯзгори мардум мавзӯи осораш қарор дод, чунон ки худ иқрор шудааст:
Эй шеър, туро набофтам ман,
Ҳар сатри ту аз китоби дил буд.
Ҳар ҷой агар хитоб мондам,
Беҳуда набуд, хитоби дил буд.
Ва дар ҷое шоир таъкид мекунад, ки «Шеъри ман маънии ҳаёти ман аст». Воқеан, ҳадди аксари ашъори Саидалӣ Маъмурро метавон дилномаи шоир гуфт. Зиндагӣ ва сарнавишт Саидалиро аз кӯдакӣ ба деги ҷӯшони ҳасрату ғам ва дарду алам андохта, дар дилаш мотами якумриро аз марги модару додар, лоилоҷии падар, ҷабри моиндар ва баъди гузашти солҳо аз фавти фоҷеабори ду писар ҷой кард. Ин гирифториҳои талхи сарнавишт, ин кӯҳи гарони дарду ғамро таҳаммул кардан ва пайваста бар дӯш бурдан имконнопазир мебуд, агар тавассути шеър ӯ ин ҳасрату аламҳояшро бо хонандаи ашъораш ба ҳам намедид, дилашро ҳар замон холӣ намекард ва худ қоил аст, ки «Шеър нагуфтанам мамоти ман аст».
Ин нуктаро мо хусусан аз силсилаи «Сарвати умр», ки дар маҷмӯъ як марсияи ҷонгудоз аз фавти нобаҳангоми ду писари нозанини шоир аст, бо як ҷаҳон ғамшарикиву ҳамдардӣ эҳсос мекунем.
Шеърҳои ба ёди модари ҷавонмарг ва додари ғӯрамарг бахшидаи шоир аз оғози фаъолияти эҷодиаш то имрӯз як навъ василаи таскини дил ва таслияти рӯҳонии ӯ ҳастанд.
Ин мавзӯъ, хоҳ дар шеърҳои хоса арзёбӣ шавад ва хоҳ дар шеърҳои дигар дар омади сухан гӯшзад бошад, дар ҳар маврид як хати рисоро дар ашъори Саидалӣ Маъмур ташкил дода, ҳамвора хонандаро ба ҳамдардиву ғамшарикӣ ва, гузашта аз ин, ба одамияту тараҳҳум вомедорад. Саидалӣ иброз медорад, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё