Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ба ин маънӣ ӯ соҳибмактаб ва инондори солимтарин ҷараёни татаввури шеъри тоҷикии охири садаи 20-ум маҳсуб мешавад ва ин мактабу ҷараён имрӯз низ равнақ дорад.
Лоиқ дар марому мақоми шоирии худ устувор буд. Аз оғози фаъолияти эҷодияш ӯ ҷонибдори шеъри рӯшану созанда будани худро эълом дошт. Дар шеъри «Падарам, эй падари деҳқонам» (1975) гуфта буд:
…Шоирӣ ҳам ба масал деҳқонист,
Ки кунад мазраи дилҳо обод.
Шоирӣ ҳам ба масал деҳқонист,
Шеър бунёди ҳама маснадҳост.
Шеър тухмест, ки сабзад дар дил,
Шеър меҳроби ҳама миллатҳост.
Дар шеъри «Васияти Фирдавсӣ» (1976) ӯ ин ақидаашро такмил дода мегӯяд:
Шоирӣ ҳам ба масал меъморӣ аст,
Зиндагиро ҳар нафас дигар кунад,
Аҳли ҷонро дӯсттар бо аҳли ҷон,
Ошиқонро боз ошиқтар кунад…
Шоири дафтаркушо кишваркушост,
Қасдаш он бошад зи шеъру шоирӣ,
К-одамӣ ҳар лаҳза одамтар шавад,
То кунад чашми ҳақиқат доварӣ.
Бо мурури вақт баробари васеъ шудани доираи мавзӯъҳои шеъри Лоиқ доираи назари шоир ба шеър низ вусъат пайдо мекунад ва ӯ дар шеъри «Ворисон» (1980) мефармояд:
Шеър аз меҳри Ватан сар мезанад, Дар фазои ҷовидон пар мезанад…
Қасди шоир аз сухан одамгарист, Бехудиҳояш ҳама шӯроварист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё