Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
…Ё Баҳоваддини балогардон,
Ҳеҷ донӣ, ба мо чиҳо гузарад?
Сад бало омадаст бар сари халқ,
Як бало кун, ки сад бало гузарад.
Ин як шохаи хизмати Лоиқ дар соҳаи забон бошад, шохаи дигари пайкори ӯ дар кори ҷамъиятиву фарҳангии ҳамарӯза дар тӯли тамоми фаъолияту эҷодаш зоҳир мешуд.
Тақрибан дар ҳар маҳфилу маҷлис, нишастҳои дӯстона ва мубоҳисаву мунозараҳо устод аз ғализу олуда шудани забони адабӣ, гуфтугӯи мардум, аз бепарвоии зимомдорони соҳа нисбат ба тақдири забон бо дарду алам ва гоҳ хеле тунду шӯрида сухан мегуфт (намунааш дуои ӯ дар шеъри «Забонгумкарда» аст: Заҳр бодо шири модар бар касе, к-ӯ забони модарӣ гум кардааст). Охири солҳои 80-и асри гузашта, вақте ки маъракаи умумимардумӣ барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ авҷ гирифт ва хусусан зиёиёни миллӣ дар ин ҷабҳа хеле фаъол шуданд, устод Лоиқро рӯҳу тавони нав дамид. Соли 1989, баробари қабули Қонуни РСС Тоҷикистон «Дар бораи забон» ва таъсиси Бунёди забони тоҷикӣ, устод аз сармуҳарририи маҷаллаи «Садои Шарқ»
даст кашида, сарварии ин Бунёдро пазируфт ва бо дили гарму нақшаҳои бузург оид ба амали забони тоҷикӣ ба фаъолият камар баст. Мутаассифона, воқеаҳои маълуми ибтидои солҳои 90 имкон надоданд, ки устод дар ин самт пурсамар фаъолият дошта бошад. Бо вуҷуди ин ҷаҳду талошҳои Лоиқ ва ҳамсафону шогирдонаш барои тозагӣ ва ғанигардонии забони тоҷикӣ ва мақому мартабаи хос пайдо кардани он дар ҷомеаи Тоҷикистон самараҳои хуб доданд, дар ду-се даҳсолаи охир забони шеъри мо сифатан беҳтар шуд, масъулияти мардум барои забон боло рафт, ки дар ин кор саҳми шеъри Лоиқ ва намунаи шахсияти адабиву фарҳангии вай хеле бузург аст.
Устод Лоиқ дар шеъри тоҷикии охири қарни 20-ум чунон таъсир гузошт, ки аксари шоирон аз солҳои 70 ин ҷониб, дониста ё ғайриихтиёр, аз ӯ пайравӣ кардаанд: дар истифода аз унсурҳои шаклии шеър, дар мазмуну маъниофарӣ, дар корбурди таркибу таъбирҳо ва ҳоказо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё