Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар изҳори ишқ, ибрози рози муҳаббат шеъру ғазали Лоиқ беҳтарин василаест барои дилдодагон. Лоиқ бо шеъраш дар дили мардумон ҷой гирифт, ҳамнафасу ҳамдам ва ғамшарику шодишарики ҳар фарди дилогоҳ шуд, шоири ормонҳои миллат гардид.
Кӯшишу заҳматҳои устод Лоиқ дар роҳи поксозӣ ва ғанигардонии забони тоҷикӣ, мақому манзилати шоиста гирифтани он дар ҷомеаи Тоҷикистон, зиндаву маъмул нигаҳ доштани лафзи тоҷикӣ дар маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои дигар (хоса шеъри «Дар Бухорову Самарқанд») аз касе пӯшида нест. Хусусан дар дар 10-15 соли охири умраш устод дар масъалаҳои ҳастии миллат ва забон ҳам дар шеър ва ҳам дар мақолаҳову мусоҳибаҳояш ҷонсӯзона ибрози назар мекард. Забони шеъри ӯ, агар аз дидгоҳи таҳқиқ бингарем, худ як марҳалаи сифатан тозаест дар татаввуру такомули забони адабии тоҷикӣ. Омӯзиши пайвастаи ӯ аз забони адабиёти гузашта, аз лаҳҷаву гӯишҳои мардум, аз луғатномаву фарҳангҳо аз як тараф ва дар заминаи дониши амиқ, завқи баланд ва ҳисси нозук сохтани таркибу таъбирҳо, аз ҷониби дигар, забони ашъори Лоиқро хеле ғанӣ ва ҷаззоб, хоно ва гӯё гардонидаанд. Таҳқиқи луғати ашъори Лоиқ ва махсусиятҳои забонии шеъри ӯ кори тӯлониву дақиқи забоншиносиро тақозо дорад. Ин ҷо ҳамин қадар ишора мекунем, ки устод Лоиқ баъзан таъбирҳо ва ифодаҳои фразеологии дар забони халқ маъмулро, ҳамон тавре ки ҳастанд, моҳирона ба шеъраш ворид мекунад, мисли:

Гар дард барад, дарди замонат бибарад,
Гар об барад, оби калонат бибарад,
Дар ҳавзаи хушкида чӣ заврақ ронӣ?!
Бигзор, ки тӯфони ҷаҳонат бибарад.

Гоҳи дигар устод аз таъбирҳои маъмули халқӣ («як бало кун») худ ифодаҳои гӯёву зебо месозад, ки ҳадафнамо ва нишонрас бармеоянд, чун:

пешина
аз 202
навбатӣ