Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ва дар шеъре, ки ба Бозор Собир бахшидааст (1979), иқрор мекунад, ки:
Нест осон бурдани бори сухан,
Сода набвад ин ҳама кори сухан…
Мову ту дар шоирӣ ҷон медиҳем
Оқибат дар кунҷи девори сухан.
Диди эстетикии устод Лоиқ дар бисёре аз шеърҳояш ба таври возеҳ нақш бастааст ва махсусиятҳои он тадқиқи доманадори ҷудогонаро тақозо мекунад.
Ниҳоят, устод Лоиқ аз ибтидо то интиҳои фаъолияти эҷодияш парчамбардори бузургтарин ғояҳои миллӣ буд.
Лоиқ ҳам бо сухан ва ҳам бо чеҳраи адабиву фарҳангии худ, пеш ва беш аз ҳама, ба адибон, умуман ба зиёиёни тоҷик ҷуръат ва шуҷоати миллӣ, адабӣ ва гражданиро талқин намуд. Шуҷоати адабие, ки Лоиқ дошт, як падидаи воқеан камназирест, ки шояд худи устод хизматашро дар ин ҷода то охир эҳсос накарда бошад. Вақте ки ӯ дар мавзӯи миллат, ғуруру ифтихори миллӣ сухан мегуфт ё шеър мехонд, гӯё оташе, ки дар дил дошт, ба забонаш меомад, сухану шеъраш ба дилҳо гармиву ба ақлҳо равшанӣ эҳдо мекард. Ғуруру ифтихори миллӣ, омодагӣ ба сарсупорӣ дар роҳи саодати миллат аз оғоз то анҷоми эҷодиёти шоир чун хатти сурх равшану пурҷило мегузарад. Хизмати устод Лоиқро дар бедориву худогоҳии миллӣ ва васеътар аз ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш дар яке аз мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар 20 марти соли 2001 ба таври зайл ифода карда буд: «Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, рӯҳияи худогоҳӣ, талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рӯҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хоса ёдовар шавам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё