Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«АЗ МАН УМРИ ДУБОРА ХОҲАД МОНД»

(Муфассали пешгуфтор ба китоби
«Девони замон», «Адиб», с.2011)

Оре, ин мисраи устоди шодравон Лоиқ ишораест ба мероси ӯ, ки мунтахаберо аз он мову шумо, хонандаи азиз, дар даст дорем.
Хуб, Лоиқ барои шеъри мо, васеътар бигирем, барои адабиёти мо ва агар боз ҳам густардатар биандешем, барои фарҳанг ва ниҳоят, барои ҷомеаи сӣ соли охири қарни 20-ум ва баъд чӣ корҳоеро анҷом дод, ки худ бо эътимоди қавӣ «Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!» ва «Аз ман умри дубора хоҳад монд» гуфтааст? Кадом сабабҳову омилҳое ҳастанд, ки имрӯз баъди гузашти солҳо аз фавташ, низ ӯ аз хонотарин ва маҳбубтарини шоирони қарни 20-уми тоҷик аст ва дар маҳфилу маҷлисҳои адабӣ аз хислатҳои инсонӣ ва шохисиҳои чеҳраи адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии вай пайваста ёд мекунанд?
Шурӯъ мекунем аз он, ки Лоиқ ба ҷаҳони шеъри мо чӣ гуна омаду чӣ овард. Олимони маъруф Атахон Сайфуллоев, Абдунабӣ Сатторзода, Юсуф Акбарзода, Усмонҷон Ғаффоров, шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким ва чанд тани дигар дар ин мавзӯъ мақолаву рисолаҳои ҷолиб ба табъ расонидаанд. Биноан, дар хусуси он, ки Лоиқ бо шеъри «Ном» ба арсаи адабиёт ворид шуд, тавассути шеъри «Ба модарам» ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд ва дар як муддати кӯтоҳ шеъри тоҷикиро ба маҷрои нав ҳидоят кард, ин ҷо зиёд таваққуф намекунем.
Лоиқ ба ҷодаи шеър на аз рӯи ҳавову ҳавас, балки бо истеъдоди худододу азми қавӣ, бо дилу вуҷуди саршор аз гуфтаниҳо, аз пайроҳаи худ бо диди худ ва бо ҳадафу мароми равшану бузург қадам ниҳода буд. Азмаш ин буд, ки шеъре бигӯяд аз рӯзгори мардум барои мардум, аз дунёи инсон барои хушбахтии инсон, аз арзишҳои азалии маънавӣ ба хотири ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии ҳамзамонон, аз зебоиҳои Ватан барои ободии Ватан, аз ишқи пок ба хотири покии ишқ, аз муҳаббату садоқат барои пойдории аҳду вафо, аз таърихи гузашта ба хотири имрӯзу оянда, аз шахсиятҳои бузургу барҷаста барои маърифати миллат ва ғайра.

пешина
аз 202
навбатӣ