Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
ФАСЛИ АВВАЛ
ҶОН ДАР ТАНИ ШЕЪР
(Ишораҳо оид ба услуби ғазалиёти устод Лоҳутӣ)
1 Дар нимаи солҳои 80-и қарни гузашта дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мубоҳисаи тӯлоние оид ба ғазал сурат гирифта буд. Ин мубоҳиса моҳиятан ба муҳимтарин принсипҳои эҷоди бадеӣ алоқаманд бошад ҳам, аслан ҳам аз рӯи гузориши масъала ва ҳам аз лиҳози даъвоҳои иштирокдорон камтар навӣ дошт.
Агар ба таърихи эътирозҳои зидди ғазал назар афканем, мебинем, ки ин ҷараён дар адабиёти форсизабон аз нимаи дуюми асри 19 шурӯъ шуда, дар ин мавзӯъ садҳо мақолаву даҳҳо китоб ба табъ расида, кор ба дараҷае оид шуда буд, ки адиб ва муаррихи маъруфи Эрон Аҳмади Касравӣ мардумро ба сӯхтани девони Ҳофиз ташвиқ намуд (Дар перомуни шеъру шоирӣ. – Теҳрон, 1325, саҳ. 32-38).
Дар айни замон дар ҷараёни ҳамин мубоҳисаҳо як силсила шоирони ғазалсаро, мисли Маликушшуаро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ, Орифи Қазвинӣ, Фаррухии Яздӣ, баъдтар Муҳаммадҳусайни Шаҳрёр, Раҳии Муаййирӣ, Фаридуни Таваллулӣ ва ниҳоят Ҳушанги Сояву Симини Беҳбаҳонӣ зуҳур карданд, ки ғазалиёташон аз лиҳози бадеият ба пояи намунаҳои хуби осори гузаштагон ва аз ҷиҳати мундариҷа бархурдори воқеият, рӯҳ ва ғояҳои замони худ мебошанд.
Анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷикӣ низ ҳеҷ гоҳ қатъ нагардидааст. Дар ибтидои қарни 20 Аҷзӣ, Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайн, Ҷавҳарӣ ва устод Айнӣ, дар давраи шӯравӣ Пайрав, Раҳимӣ, Турсунзода, Деҳотӣ, Фарҳат, Шукӯҳӣ ва дигар шоирони тоҷик ин анъанаро пайваста идома додаанд.
Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ин жанри адабиро, ки ҳамеша доираи муайяни мавзӯъҳо, таркиби хоси луғавӣ ва системаи анъанавии образҳоро доро буд, ба паҳлуҳои гуногуни воқеияти замони худ пайваст, бисёр деворҳои шартии онро шикаст ва ба як жанри ниҳоят фарогир табдил дод. Имрӯз дигар ҷои баҳсу мунозира ҳам нест, ки роиҷ будани ғазал дар адабиёти навин, хоса дар замоне, ки шеъри модерни орӣ аз вазну қофияву қолабу шартҳои ҳатмӣ ҳушу ёди аксари даъвогарони шеърро машғул медорад, зери сояи шубҳае қарор бигирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё