Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро имрӯз низ шоирони боистеъдоди куҳанкору миёнсолу ҷавон ғазалҳои хубу марғуби зиёд мегӯянд, ки аз анбӯҳи ғазалҳои шоирони ҳаваскор куллан фарқ доранд. Гулрухсор, Гулназар, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Фарзона, Озар, Давлат Сафар …. – ҳар кадом ғазали худро мегӯяд ва ин жанри анъанавӣ дар адабиёти навини тоҷик бо тобишҳо, ҷилоҳо ва рангомезиҳои хоси замон дар ҳоли рушду такомул аст.
Аслан дар навшавии жанри ғазал, васеъ шудани доираи мавзӯъҳои он, ташаккули системаи нави образҳои ин жанр хизмат ва нақши устод Абулқосим Лоҳутӣ хеле бузург аст.
Ғазал дар эҷодиёти ӯ маъмултарини шаклҳои шеърӣ буда, аз нахустин қадамҳо дар ҷодаи адабиёт то охирин лаҳзаҳои эҷодиёташ пайваста мавриди истифода қарор доштааст.
Муҳаққиқоне, ки ба тадқиқи осори шоир машғул шудаанд, ғазалиёти ӯро аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа (Х. Мирзозода. Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ. Дар кит. Абулқосим Лоҳутӣ. Куллиёт, ҷ.VI – Д., 1963, саҳ. 257-272; М. Давлатов.
Ғазал ва анъанаи он дар эҷодиёти устод Абулқосим Лоҳутӣ.
– Д., 1973), тарзу усулҳои истифодаи санъатҳои бадеӣ (М.
Давлатов. Асари мазкур), аз лиҳози вазн (С. Давронов. Вазни ашъори Абулқосим Лоҳутӣ. – Д., 1974) ва поэтика (З.Г.
Османова. Абулькасим Лахути. Дар кит. Вместе с народом.
М., 1959) то андозае баррасӣ намудаанд. Дар баъзе аз мақолаҳо ва рисолаҳое, ки ба назми тоҷикии даврони шӯравӣ ё ба ҷиҳатҳои ҷудогонаи мероси устод Лоҳутӣ (хусусан дар мақолаву рисолаҳои ба муносибати 80, 90, 100- солагии зодрӯзи шоир нашршуда) бахшида шудаанд, оид ба ҷузъиёти услубсоз ва мушаххасоти услубии ғазалиёти шоир ишораву андешаҳои ҷолиб ба назар мерасанд.
Тақрибан ҳамаи муҳаққиқон ва муаррихони адабиёти тоҷикии даврони шӯравӣ бар як ақидаанд, ки ғазалиёти Лоҳутӣ дар таърихи таҳаввули ин жанр падидаи тозаи адабӣ буда, дар айни замон яке аз ҳалқаҳои барҷоест, ки шеъри рӯҳан ва мазмунану моҳиятан нави даврони шӯравии тоҷикро бо анъанаҳои ҳазорсолаи назми классикии форсу тоҷик мепайвандад.

пешина
аз 202
навбатӣ