Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ки дағалона вайрон кардани қоидаҳои забони муқаддаси модарӣ, афгору хароб сохтани он ҷинояти маънавист, бисёр таъкиди саривақтӣ ва муҳим аст ва эй кош, ки таъсири чашмнамое ба ҷомеа дошта бошад.
Мақолаи «Суханшинос найӣ, ҷони ман, хато ин ҷост», ки ҷавоб ба мақолаи Давлати Раҳмониён аст, аҳаммияташ дар он аст, ки хатоҳо ва бардоштҳои нодуруст ва даъвоҳои безаминаи на танҳо Давлати Раҳмониён, балки бисёре аз ҳарзагӯён ва худфиребонро, ки имрӯз пайваста мунташир мегарданд, пешгирӣ мекунад, ки ин кор пеш аз ҳама ба фоидаи худи онҳост. Рафтори ин даъвогарон шабоҳат ба он дорад, ки кӯдакон дар рӯи реги соҳил аз реги тари соҳил «қасракҳо»-е сохтанӣ мешаванд ва амвоҷи дарё ҳар гоҳе бо як лапиш ин «бинокориҳо»-ро шуста мебарад ва аз онҳо нишон намемонад. Ин навиштаро аҳаммият дар он аст, ки муаллифи ҷавонро сари вақт аз интихоби роҳи дурӯғин огоҳ мегардонад.
Хулоса, доираи пажӯҳиш ва таҳқиқи адабиётшиноси маъруфи мо Абдураҳмони Абдуманнон хеле паҳновар ва пургунҷоишу рангоранг буда, ӯ тавонистааст дар ин як китоби кӯчак ва дар таҳқиқоти пешинаи худ ба ҳар мавзӯе, ки дахл карда, аз офаринишу бунёди симоҳои эҷодӣ то таҳқиқи забону адабиёти гузаштаву имрӯза сухани худро гӯяд, сухане, ки саҳми арзандаи ӯ дар адабиёти имрӯзаи мост, сухане, ки ба манфиати ҷомеа ва адабиёт аст.
Сухани асил ҳамеша равшанӣ ва сафое бо худ дорад, ки табъу дилҳоро мунаввар мекунад ва суханвари асил сафоафрӯзи ботинҳост. Каломи Абдураҳмони Абдуманнон на фақат дилу табъи хотири моро равшан мекунад, балки дар ҷодаи таҳқиқи омӯзиш ва дар роҳи шинохти фарҳангу маърифат низ равшаниҳо хоҳад андохт.
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон Душанбе, октябри 2014

пешина
аз 202
навбатӣ