Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Муҳимтарин масъалаҳое, ки дар танқиди адабии муосири тоҷик оид ба жанрҳои адабӣ, анъанаву навоварӣ, ҷанбаҳои милливу байналмилалӣ, принсипҳои таърихият ва халқият, инъикоси худшиносӣ ва ҳофизаи таърихии халқ дар адабиёти муосир кам ё беш баррасӣ мешаванд, аввалин бор дар асару мақолаҳои М. Шакурӣ гузориш ёфтаанд.
Хизмати М. Шакурӣ дар роҳи ба арсаи умуми Иттифоқ баромадани танқиди адабии тоҷик шоистаи тақдир аст. Аввалин мақолаҳое, ки аз мунаққидони тоҷик дар маҷаллаҳои «Дружба народов» ва «Вопросы литературы» ба табъ расиданд, мансуби қалами Муҳаммадҷон Шакурӣ буданд. Боби «Адабиёти шӯравии тоҷик. 1917-1945» барои «Таърихи адабиёти ҷаҳон» ва фасли «Насри тоҷик дар солҳои 1965- 1985» барои «Таърихи адабиёти шӯравии сермиллат» низ аз ҷониби М.Шакурӣ навишта шудааст. Бобе, ки ӯ оид ба ташаккул ва таҳаввули роман дар адабиёти шӯравии тоҷик барои асари бунёдии «Роман дар адабиёти шӯравии сермиллат» (М., 1985) таълиф намуда буд, аз ҷониби ҳайати таҳририяи китоби мазкур ва олимони Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкий аз беҳтарин бобҳои ин асар дониста шудааст.
Мақом ва саҳми М. Шакуриро дар танқиди адабии тоҷик дар ду сухан чунин ифода кардан мумкин аст: сифатан боло рафтани принсипҳои ғоявию эстетикии танқид, аз роҳи тавсиф ва ташреҳи сотсиологӣ, айбҷӯиҳои вулгарӣ ба сӯи таҳлили ҳамбастаи ғоявию эстетикии осори бадеӣ рӯй овардани танқиди адабӣ дар солҳои 60-80 аз бисёр ҷиҳатҳо ба асарҳо ва фаъолияти ӯ сахт вобаста аст.
6 Чанд бор ба хонаи муаллим Шакурӣ омада, ӯро машғули корҳои гуногун – таълиф, таҳрир, тарҷума, мутолиа дарёфта бошам, ҳамеша дар рӯи миз кортчаҳоеро медидам, ки ба онҳо иқтибосҳо аз осори бадеӣ, илмӣ, матбуот сабт гардида, зери таъбиру ибораҳои зебо, қолабҳои мӯҷоз, бозёфтҳои тозаи муаллифони гуногун дар соҳаи забон ва ё (аксаран) зери таъбироти вайрон, ибораҳои дағалу сохта, қолабҳои гӯшхарошу дурушт, ҷумлаҳои ночаспону мантиқан хароби онҳо хат кашида шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё