Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум, махсусан наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд». Таҳқиқи пайваставу муназзами мероси таърихӣ ва тарғиби суннатҳои мардумиро Пешвои миллат «вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар» эълон намуда, доир ба ёдгории нодир ва куҳани Саразм чунин изҳори ақида намуданд: «Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм»-ро таъсис дод». Дар ҳамин вохўрӣ, дар ҳузури зиёиёни мамлакат Пешвои миллат эълом доштанд, ки «Дар робита ба ин, бо назардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад».
Дар заминаи ин ибтикори наҷиби Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ аз 2 майи соли 2019 таҳти №195 қарори дахлдор қабул намуда, нақшаи чорабиниҳо ҷашнро тасдиқ кард. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар заминаи ин қарор нақшаи чорабиниҳои худро аз 6 майи соли 2019 таҳти №51 мураттаб намуд. Вобаста ба ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ 12 сентябри соли 2020 таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ баргузор гардид. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷекати бостонӣ муқаррар шуд.

пешина
аз 142
навбатӣ