МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Воқеан, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷ дар Осиёи Марказӣ буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ибтидо мегирад. Ин хулосаи илмӣ дар заминаи таҳқиқоти тўлонии олимони ватанию хориҷӣ дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ иброз гардид ва вобаста ба таърих ва пажуҳиши Саразм силсилаи асарҳову мақолаҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотии олимони ватанию хориҷӣ бо забонҳои гуногун ба чоп расидааст. Пешвои миллат доир ба нодир ва арзишманд будани ин ёдгорӣ чунин таъкид менамоянд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад». Ҳамзамон ботакрор изҳор менамоянд, ки «Саразм- хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик мебошад».
Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳам, бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат тасмим гирифта шуд. Дар вохўрӣ бо намояндагони зиёиёни кишвар
19 марти соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳ ба омўзиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ намуда, таъкид намуданд, ки «таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё