Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳисор ҳамчун яке аз шаҳрҳои таърихӣ ва марказҳои муҳими фарҳангиву иқтисодӣ дар тўли таърихи халқи тоҷик мақоми хосаро соҳиб мебошад. Пешвои миллат дар баромади хеш аз таърихи рангини шаҳр ва водии Ҳисор, рушд ва нақши он дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири бостонию меъморӣ ва марказҳои ҳунармандии он ёдовар шуда, таъкид карданд, ки «мулки Ҳисор таърихи ниҳоят қадима дошта, кохи бегазанд ва намунаи маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва кишоварзиву ҳунармандии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад».
Ҳисор тибқи маъхазҳои таърихӣ аз замонҳои қадим бо номҳои Шумон, Ҳисор ва Ҳисори Шодмон мавҷуд будааст, вале номи аслии он «Шумон» аст, ки ба андешаи мутахассисон вожаи авастоӣ буда, маънояш «нишастгоҳи баланд» ва ба гуфтаи муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» «кохи боракўҳ» аст. Дар масири Роҳи бузурги абрешим Ҳисор ҳамчун маркази тиҷоратию ҳунармандӣ ва минтақаи пайвасткунандаи манотиқи Ғарбу Шарқ нақши калидӣ доштааст.
Эҳё ва азнавбарқарорсозию муаррифии яке аз нодиртарин ёдгориҳои минтақаи Осиёи Марказӣ - шаҳри Саразми бостонӣ, ки арзишмандтарин бозёфти илми бостоншиносии тоҷик дар даҳсолаҳои охир аст, маҳсули сиёсати хирадмандонаю ҳакимонаи Пешвои миллат мебошад. Чи тавре ки дар фавқ зикр шуд, Пешвои миллат ҳанўз дар ибтидои солҳои дуҳазорум аз ин мавзеи таърихӣ ду маротиба дидан намуда, барои тармиму таҷдид ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас ва амалӣ андешида буданд. Ба замми он маҳз бо ҳидоят ва ибтикори Пешвои миллат ин ёдгории таърихӣ ва куҳан ҳамчун нахустин ва калонтарин маркази тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии минтақаи Осиёи Марказӣ 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид.

пешина
аз 142
навбатӣ