МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ воқеан барои таҳқиқ ва омўзиши ин ёдгории нодир давраи комилан навро ибтидо гузошт. Пеш аз ҳама ковишҳои бостоншиносӣ ва омодасозии ҳафриёт ба ҷашн бо суръати дучанд вусъат пайдо намуд, барои идомаи ковишҳо бостоншиносони шинохтаи ватанию хориҷӣ ҷалб гардиданд.
Дар рафти омодагӣ ба ҷашн корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ дар ҳудуди ёдгорӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, Осорхонаи ҳозиразамони Саразм, дарвозаи мунаққаши бо тасвирҳо ороишёфта, панҷарадевори атрофи мавзеъ, рўпуш шудани ҳафриётҳо ва ба осорхонаи кушод табдил додани онҳо, рисолаву мақолаҳои илмӣ, роҳнамо ва албомҳо, филмҳои мустанади телевизионӣ ва овозӣ ва дигар маводи ташвиқию тарғибӣ ба вуқуъ омаданд.
Ҳамзамон, ба ифтихори таҷлили 5500-солагӣ натиҷаи таҳқиқи Саразм ва бозёфтҳои бостоншиносии он, нақши ин шаҳри бостонӣ дар ташаккули фарҳанги зироатпарварӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозию шаҳрдории тоҷикон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон ва коршиносони ватанию хориҷӣ дар чандин ҳамоишҳои калони илмӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Хулоса, бо шарофати таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар ҷомеаи муосири тоҷик руҷуъ ба таърих, ба вижа таърихи бостон ва арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик вусъати тоза пайдо намуда, ҳифозат, таъмиру тармим ва омўзиши ёдгориҳои қадимаи миллат ва интишори моҳияту аҳамияти он дар тафаккури имрўза ва таҳияю қабули барномаи ҳадафманди сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мубаддал гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё