Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Андеша ва мулоҳизаҳои Пешвои миллат дар заминаи асноди арзишманди таърихӣ, баррасии пажуҳишҳои олимони ватаниву хориҷӣ ба миён омадааст. Чоп шудани ин асари бунёдии Сарвари давлат, ки зарурати таърихӣ ва таърихнигории замони истиқлолияти давлатӣ онро тақозо дорад, дар таърихшиносии миллӣ, ҳамзамон дар омўзишу баррасии таъриху тамаддуни ориёӣ чун дастоварди бузург арзёбӣ мешавад.
Аз тарафи дигар таҳқиқоти мазкур баробари пажуҳиши ҷиддии илмӣ будан чун дастуру роҳнамо ва барномаи фаъолияти олимону муаррихон ва муассисаҳои илмӣ ва таълимии таърихии ҷумҳурӣ хизмат хоҳад кард.
Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, баргузории ҷашни чеҳраҳои мондагори миллат ва шаҳрҳои бостонию ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки бо ҳидояту ташаббуси пайгиронаи Пешвои муаззами миллат баргузор мегарданд, гувоҳи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба гузаштаву имрўзаи миллат маҳсуб меёбад. Дар ин раванд метавон аз ҷашнҳои пуршукўҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Авасто, Соли тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 2500- солагии Истаравшан, 2700-солагии Кўлоб, 3000-солагии Ҳисор, ки ҳар яке бо як шукўҳи хосса доир гашта, дар худшиносии милливу таърихии ҷомеаи кишвар нақши муассире гузоштанд, ёдовар шуд. Таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ба рўйхати ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дар солҳои 2020-2021 шомил шудааст, сентябри соли 2020 баргузор гардид, ки боз як ташаббуси дигари Пешвои миллат дар роҳи таҳкими худшиносии таърихии ҷомеаи имрўза мебошад.

пешина
аз 142
навбатӣ