МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Пешвои миллат дар шоҳасари «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо» пеш аз ҳама ба таърихи қадимтарин ва аҳди бостон таваҷҷуҳ намуда, аз сабақҳои таърих, ба вижа аз нақши Шоҳроҳи абрешим чун пул дар гузаштаву имрўза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон - Суғду Бохтар ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ки аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёбанд, ёдовар шуда, мулоҳизаву андешаҳои судманд баён кардаанд.
Дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» масъалаҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ҳар яке чун мўъҷизоти муҳими таърихи башар эътироф шуда, аз нақши мукаммалу фарҳангофарии ниёгон дар паҳнои таърих шаҳодат медиҳанд. Ин арзишҳои суннатӣ имрўз низ асолати адолатхоҳӣ ва пайвандгарии наслҳоро идома медиҳанд. Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла, Роҳи бузурги абрешимро чун пайвандгари гузаштаву имрўз ва фардо нишон дода, Авасторо нахустин қомусномаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки «Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишҳои ахлоқиро дар либоси дин ба ҷилва оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарманшаъи зиндагӣ ва оини ҳамешагии пайравони хеш қарор додааст».
Таваҷҷуҳи Пешвои миллатро масъалаҳои густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ, рушди фарҳанги давлатдории тоҷикон дар замони Ҳахоманишиён, талошу истиқлолхоҳии ниёгони тоҷикон-бохтариҳову суғдиҳо алайҳи аҷнабиёни юнониву мақдунӣ, омезиши фарҳанги баландпояи ориёӣ бо фарҳанги юнонӣ ва нақши онҳо дар тамаддуни эллинӣ, ташаккул ва болоравии давлати юнониасоси Бохтар бештар ба худ ҷалб намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё