Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик дар фаъолият ва сиёсати хирадмандонаю ватанпарваронаи Пешвои миллат нақш ва ҷойгоҳи хосаро соҳиб аст. Пешвои миллат бо садоқат ва арҷгузорӣ изҳор менамоянд, ки «сарзамини аҷдодии тоҷиконро метавон осорхонаи ҷовидонаи таърих номид. Ва ин осорхона бароямон аз афтидану хестанҳо, сўхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва чун мурғи самандар аз хоку хокистар эҳё шудану бори қисмат ба дўш кашидани миллати ҷонсахту сарбаланди тоҷик қиссаҳо мегўяд». Зеро Пешвои миллат аз саҳифаҳои куҳани диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро ҷуста, шефтаи ҳунари волои шаҳрсозию ҳунармандӣ ва ақлу заковати офарандагии ниёгон гардида, бо назари ҳакимона ва муҳаббату садоқат ба миллату таърихи куҳани он ҷомеаи кишварро пайгирона ба ҳифзу нигаҳдошт ва таҳқиқу омўзиши ёдгориҳои нодири бостонии аҷдодӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳқиқу омўзиши ёдгориҳои нодири таърихии ҳудуди кишвар, ки беш аз се ҳазор ададро ташкил медиҳанд, вусъати тоза пайдо намуда, барномаҳои давлатии гуногунмуҳлати ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таҳия ва қабул гардиданд. Дар доираи ин барномаҳо лоиҳаҳои таъмиру таҷдиди осори нодири аҳди бостони кишвар, таҳқиқу омўзиши комили онҳо аз диди бостоншиносӣ ва аз назари асолату моҳияти фарҳангиву маънавӣ барои ҷомеаи имрўзаи кишвар ба роҳ монда шудааст.

пешина
аз 142
навбатӣ