Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Онҳо фикр мекарданд, ки ӯро боз ба куҷо фиристананд, то ки баргашта наояд.
- Ӯро ба пеши рӯбоҳи сурхмӯи фукаш заҳрдор фиристодан даркор, - гуфт Алдай-Мерган.
Хон-Кулуғ аз шикор баргашта дид, ки хоҳари азизаш Олдин-Оюу касали сахт, суп-сурх шуда, нолиш карда хобидааст.
- Олдин-Оюу касали сурхча шудааст, - гуфт занаш Сай-Куу. - Агар хоҳӣ, ки хоҳари ягонаат зинда монад, ба вай дили рӯбоҳи сурхро, ки дар паси кӯҳи заррини сурхҷатоб зиндагӣ мекунад, гирифта биёр. Танҳо дили ин рӯбоҳ хоҳаратро аз марг наҷот дода метавонад.
Хон-Кулуғ ба аспаш Хон-Шилгии бодпо савор шуда, ба кӯҳи заррини сурхҷатоб равон шуд. Дар роҳ боз ба ҳамон чайлаи сиёҳ даромад. Дар он ҷо чой нӯшида, бо он духтари соҳибҷамол суҳбат кард. Кампир бошад, берун баромада, офтобу моҳтобро бо остинаш пинҳон кард ва баргашта ба паҳлавон гуфт:
- Дашт торик шудааст, ту бояд дар ин ҷо хоб кунӣ.
Саҳарӣ Хон-Кулуғ гуфт:
-
Хоҳари ягонаи ман касали сурхча шудааст. Ман барои овардани дили рӯбоҳи сурх меравам, ки дар кӯҳи заррини сурхҷатоб зиндагӣ мекунад.
-
Оҳо, ин рӯбоҳ дарандаи бадҳашми заҳрнок аст. Вай одамро ба худ наздик шудан намемонад, - гуфт кампир. - Касе туро фиристодааст, яқин аҷали туро мехостааст.
-
Касе, ки аз зани тувагӣ ба дунё омада бошад, аз раъяш намегардад, - гуфт Хон-Кулуғ ва ба роҳаш рафт.
Вай ба қаторкӯҳи шашкулладори заррини сурхҷатоб баромада, бо алам аз дил гузаронд: «Наход, ки дар ҳамин ҷо сарам аз танам ҷудо шавад?» Дар ҳамин вақт рӯбоҳи сурхро дид. Думи вай дар дарё, танаш дар кӯҳ ва бо фукаш аз даруни сангрезаҳои кӯҳ муш дошта мехӯрд. Хон-Кулуғ ба пашша табдил ёфта, ба назди рӯбоҳ парида рафт ва як каманди шастсарчинаеро ба гардани рӯбоҳ андохта, баъд ба сурати аслӣ баргашт ва онро ба тарафи худ кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё