Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Эй модар, ман ҳамон писари туам, ки дар чайлаи шикоргоҳ дар зери дег пинҳонаш карда буданд. Акнун падарамро озод карданкор.

Сайёд мардумро ҷамъ карда гуфт:
— Ҳокими шумо — мӯйсафеди сесараро ман куштам. Акнун бояд падарамро озод кунам. Вай дар қаъри баҳр занҷирбанд карда шудааст. Дар байни шумо одами ҷасуре ёфт мешавад, ки маро ба пеши падарам барад?

Се одами ҷасур пеш баромаданд. Онҳо ба қайиқ нишаста, дар баҳр шино карданд. Як ҷои оби баҳр меҷӯшид, гӯё ки гирдоб бошад ва он ҷоро бист қайиқи калони пур аз сарбозон посбонӣ мекарданд.
— Дар он ҷое ки оби баҳр туғён мекунад, падари ту занҷирбанд карда шудааст, — гуфтанд роҳбаладҳо.

Сайёди паҳлавон фарёд кард:
— Эй сарбозон, ҳокими сесараи шуморо ман куштам. Акнун омадам, ки падарамро озод кунам.
— Бовар намекунем! — гӯён сарбозҳои ҳамаи бист қайиқ хандиданд. — Магар ҳокими моро куштан осон аст? Сарҳои вайро бурида партоӣ, аз нав сабзида мебароянд. Ту ки як каси ноҷинсу беқувватӣ, магар ӯро кушта метавонӣ?

Сайёди паҳлавон ба назди як қайиқ шино карда онро аз думаш гирифта чаппа кард. Сарбозони он қайиқ фарёд карданд:
— Эй паҳлавон, моро нобуд накун, ба ту таслим мешавем. Мо бовар мекунем, ки мӯйсафеди сесараро ту куштӣ.

Паҳлавон ба даст табар гирифта, ба он ҷое, ки об туғён мекард, ҷахид. Падари мӯйсафеди вай дар қаъри баҳр ба харсанги зериобӣ занҷирбанд шуда буд. Мӯйсафед зӯр зада занҷирҳоро канданӣ мешуд, аз ин сабаб оби баҳр туғён мекард. Паҳлавон занҷирҳоро бурида падарашро ба рӯи об баровард.
— Эй падар, ин чӣ рӯзи хуш аст, ки туро зинда ёфтам!
— Ту писари кӣ мешавӣ, барои чӣ маро падар мехонӣ? Ман писар надорам. Доштаму дар кӯдакиаш дар шикоргоҳ танҳо монда буд, — гуфт мӯйсафед.

пешина
аз 200
навбатӣ