Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Эй падари ман ҳамон писари туам, ки дар шикоргоҳ дар зери дег аз душман пинҳон карда будӣ. Ман мӯйсафеди сесараро кушта модарамро аз чоҳ озод кардам ва ба назди ту омадам. Ба соҳил шитобидан даркор, баъд ба саргаҳи дарё ба ватани худ меравем.

Онҳо ба соҳил баргаштанд. Паҳлавон амр кард, ки қайиқҳои калони бисёре созанд. Баъд мардуми шаҳри мӯйсафеди сесара ба болооби дарё, ба ватани худ рафтанд. Падару модари пири паҳлавон пешопеш шино мекарданд. Худи паҳлавон бошад, аз байни ҷангал пиёда мерафт. Вай мехост боз ба он кулбаи сиёҳ, ки шамшери қадимаи аҷдодиро гирифта буд, дарояд. Вай он ҷайларо ёфта ба он ҷо даромад. Вале дар он ҷо акнун кампир не, балки духтаре менишаст, ки мислаш дар олам набуд!

Вай гуфт:

– Эй паҳлавон, ман барои он ба ту ёрӣ расондам, ки туро дӯст медорам. Ман аввал дар сурати кампир шамшери аҷдодиро ба ту додам. Баъд моҳихӯраки сафед гаштаму тухмеро ба ту додам, ки ҷони мӯйсафеди сесара дар он буд. Акнун маро бо худ бар, ман зани ту мешавам.

Паҳлавон хурсанд шуда, ӯро ба саргаҳи дарё, ба ватанаш бурд. Вақте ки онҳо ба ватани паҳлавон омаданд, дар он ҷо мардуми шаҳри мӯйсафеди сесара шаҳре бунёд карда буданд, ки як бараш ба дарё мерасиду бари дигараш ба кӯҳҳо. Одамоне, ки дар лаби дарё зиндагӣ мекарданд, роҳашон дур буда, аз кӯҳ ҳезум оварданашон душвор буд. Онҳое, ки дар кӯҳ умр ба сар мебурданд, дарё дурӣ мекард. Бинобар ин, мардум дар миёнаи шаҳр обро ба ҳезум ва ҳезумро ба об иваз мекарданд. Шаҳр чунон дароз буд, ки агар одамон саҳарӣ аз як гӯшааш ба дарё шино кунанд, бегоҳӣ ба гӯшаи дигари он мерасиданд! Шаҳр ана ҳамин тавр шаҳри калон буд!

Паҳлавон ҳамроҳи духтари соҳибҷамол дар маркази шаҳр, дар қасри тиллоӣ зиндагӣ кардан гирифт. Вай ҳар рӯз ба шикор рафта, чунон сайди бисёр мезад, ки ба ҳамаи одамони шаҳр мерасид! Одамони ин сарзамин умри дароз дида, хушбахтона зиндагӣ мекарданд.

пешина
аз 200
навбатӣ