Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Афсона
Аз аввал хондан- Маро бикуш, чӣ тавре ки падари маро кушта будӣ!
- Падари ту зинда аст. Ӯро дар қаъри баҳр занҷирбанд кардаам. Туро ҳам дар он ҷо занҷирбанд мекунам, — гуфт мӯйсафед. - Чӣ тавр ҷанг кардан мехоҳӣ: бо тиру камон ё бо мушт? Ё гӯштигирӣ ба ту маъқул аст?
- Муштҷанг мекунем.
- Ин тавр бошад, аввал ту бизан, — гуфт мӯйсафед.
- Не, пирамард, ман аввал намезанам. Охир, ту баъд бояд ҳикоя кунӣ, ки ҳам паҳлавонро мағлуб кардиву ҳам писарашро. Барои он ки гап ёфт шавад, аввал ту бизан!
Мӯйсафед хашмгин шуда гуфт: - Пас, маҳкамтар биист, баъд нагӯй, ки пешпо хӯрда афтодӣ.
- Бизан, намеафтам, — гуфт сайёд.
Мӯйсафед бо дасти чап бо тамоми қувват сайёдро зад. Сайёд аз ҷояш начунбид. Мӯйсафед қулоч кашида бо дасти росташ зад. Шикорчӣ ин дафъа каме дар ҷояш ҷунбид. - Акнун навбати ту, бизан, — гуфт мӯйсафед.
Сайёд қулоч кашида бо дасти чапаш фаровард. Як сари мӯйсафед аз китфаш парида рафт. Баъд сайёд бо дасти росташ қулоч кашида зад. Сари дуюми мӯйсафед парида рафт. Мӯйсафед ҳар ду сарашро гирифта ба китфаш гузошт ва ҳамон лаҳза боз аз нав сесара гардид. Онҳо баъд гӯштӣ гирифтанд. Ҳар қадар кӯшиш карда бошанд ҳам, яке дигареро ба замин афтонда натавонист. Нуҳ шабу нуҳ рӯз дам нагирифта, гӯштӣ гирифтанд. На хоб рафтанду на чизе хӯрданд. Шикорчӣ гуфт: - Биё, дам мегирем.
Мӯйсафед розӣ шуд. Онҳо дароз кашида, дам мегирифтанд. Мӯйсафедро хоб бурд. Ногоҳ моҳихӯраки сафеде парида ба пеши сайёд омаду ба дасти вай тухмеро дода гуфт: - Мӯйсафеди сесараро бо ҳеҷ чиз мағлуб кардан мумкин нест. Тиру туфанг ба вай таъсир намекунад. Агар сарҳояшро бурида партоӣ, онҳо аз нав месабзанд. Ҷони вай дар ҳамин тухм аст.
Сайёд тухмро ба дасташ гирифт. Мӯйсафед бедор шуд, сайёд гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё