Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Сайёд ба назди девори қаср рафта фарёд кард:
– Ҳой, Паҳлавони Ғуррони Сесара, як худатро нишон деҳ, ман мехоҳам, башараи туро бинам.
Паҳлавони Сесара ба хизматгораш гуфт:
– Бубин, кадом зоғ он ҷо қар-қар карда истодааст.
Хизматгор нигоҳ карда фарёд зад:
– Кадом як махлуқи майдаяк, на ба парандача монанд аст, на ба қурбоққа!
Сайёд дар ғазаб шуда дод зад:
– Ҳа, хизматгори бадбахти нобакор, маро масхара ҳам мекунӣ! Тирамро ба ту ҳайф медонам, канӣ, ана ин сангҷаро дошта гир! – гӯён сангҷаро ба тарафи хизматгор ҳаво дод. Хизматгор аз зарбаи сангҷа ба замин афтида ҷон дод. Сайёд боз дод гуфт:
– Ҳой, ношуди сесара як афту башараатро нишон деҳ!
Мӯйсафеди сесара ба занаш гуфт:
– Канӣ, рафта бин, кампир, чаро хизматгор гашта наомад.
Кампир ба берун нигоҳ карда гуфт:
– Хизматгори меҳрубонат, дасту поятро, касе куштааст.
– Кӣ ҷуръат карда хизматгори меҳрубони маро куштааст, – дод зад Паҳлавони Ғуррони Сесара ва тохта аз қаср баромад. Сайёд дид, ки вай се сарчин қаду қомат ва се сарчин китф дорад. Ин хелиашро мағлуб кардан кори осон нест. Вай дар се китфаш се сар дошт. Мӯйсафед ҳар се дахонашро кушода, бо се овоз дод зад:
– Ман як вақтҳо дар саргаҳи дарё паҳлавонеро мағлуб карда будам! Мегӯянд, ки ӯ писарчаи хурдакакашро дар чайлайи сайёдӣ, дар таги дег пинҳон карда будааст. Пас, маълум мешавад, ки он писарча зинда мондааст. Ту ҳамон писарча - Паҳлавон Кремен ҳастӣ?
– Бале, ман ҳамонам. Омадам, ки қасоси падарамро гирам.
Мӯйсафеди сесара гуфт:
– Ту беҳуда устухонҳоятро ба ин ҷо овардӣ. Беҳтараш, дар чайлайи сайёдӣ мемурдиву устухонҳоят дар ватани худат мехобиданд.
Сайёд ба ғазаб омада дод зад:

пешина
аз 200
навбатӣ