Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Ман як вақтҳо бисёр нақлу ривоятҳо медонистам. Қариб ҳамаашро фаромӯш кардаам. Дар бораи ин ҷоҳо як ривоятро ба ту нақл мекунам. Дар соҳили баҳр як паҳлавон зиндагӣ мекард. Вай ҳамаи паҳлавонҳоро мағлуб карда, ба асирӣ бурда буд. Ӯ ба ҷойҳои мо ҳам омада паҳлавони моро ҳам мағлуб кард, ӯро бо занаш ва ҳамаи мардумро ба поёноби дарё, ба замини худаш асир карда бурд. Паҳлавони ин ҷо як писарча дошт, фурсат ёфта, ҳамон писарчаашро дар чайлаи сайёдӣ дар зери деге пинҳон кард. Ин воқеа бист сол пеш буд. Агар он кӯдак зинда бошад, эҳтимол, ҳоло паҳлавони баркамоле шуда бошад. Агар вай паҳлавон шуда бошад, рӯи дунёро гашта ақаллан, устухонҳои падару модарашро меёбад. Мумкин ҳамон паҳлавон ту бошӣ, ту ҳам дар чайлае танҳо калон шудаӣ. Номи ту Кремен, номи душмани ту Паҳлавони Ғуррони Сесара.

— Ман душмани худро аз куҷо меёбам? — пурсид сайёд.

— Ӯ дар соҳили баҳр зиндагӣ мекунад, — гуфт пиразан. — Ӯро ёфтан осон, аммо Ӯро мағлуб кардан душвор. Ман аслиҳаи аҷдоди қадимаамонро ба ту медиҳам.

Пиразан ба чайла даромада, шамшери куҳнаи зангзадаеро баровард.

— Магар ин аслиҳа аст? Магар бо ин шамшер душманро мағлуб кардан мумкин аст? Хеле занг задааст, — гуфт сайёд.

— Ман аслиҳаи нав надорам. Кӣ навашро ба ман медиҳад? Ман ба ту шамшери қадимаро овардам, — гуфт пиразан.

Сайёд миннатдорӣ карда, шамшерро гирифту ба поёноби дарё равон шуд. Вай каме рафта ба қафояш нигоҳ карда дид, ки чайлаи пиразан ғайб задааст. Дар гирду атроф танҳо чангали анбӯҳ буду халос. Сайёд як қайқча сохта ба он савор шуду сӯи баҳр, ба пешвози душмани худ шино кард.

Дар он ҷое, ки дарё омада ба баҳр мерехт, сайёд шаҳреро дид, ки он беандоза калон буд.

— Ин шаҳри кист? — пурсид сайёд аз писарчае.

— Ин шаҳри Паҳлавони Ғуррони Сесара.

— Қасри вай дар куҷост?

— Дар лаби баҳр.

пешина
аз 200
навбатӣ