Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
АФСОНАҲОИ НАНАЙӢ
САЙЁДИ ПАҲЛАВОН
Буд-набуд, як паҳлавон буд. Вай дар ҷангал дар чайлае яккаву танҳо зиндагӣ мекард. Дар ёд надошт, ки хешу табор дорад ё не. Вай сайёд ва мергани хубе буд: парандаро дар ҳаво ва моҳиро дар шино шикор мекард. Ҳайвонҳои ваҳширо дар як мижа задан ба замин мехобонд. Ана ҳамин хел сайёд буд ӯ.
Рӯзе ӯ худ ба худ фикр кард: «Чаро ман танҳоям? Охир, бояд падару модар дошта бошам. Ба онҳо чӣ воқеа шуда бошад? Мумкин, душманон онҳоро асир бурда бошанд? Ба сайри олам мераваму падару модарамро суроғ менамоям. Эҳтимол, ақаллан қабрашонро ёбам». Ӯ камонашро гирифта, қад-қади дарё ба поён равон шуд. Пас аз тай кардани роҳи бисёре ба як чайлаи сиёҳ расид. Дар чайла пиразани куҳансоле нишаста буд. Пиразан аз омадани меҳмон хурсанд шуда, ӯро бо хӯрокҳои гуногуни болаззат зиёфат намуд. Шикорчӣ аз дил гузаронид: «Пойи кампир ба лаби гӯр расидааст. Ин қадар хӯрокҳои болаззатро аз куҷо меёфта бошад?» Пиразан аз шикорчӣ пурсид:
– Ту кистиву ба куҷо меравӣ?
– Ман як сайёдам. На падарамро медонаму на модарамро. Дар болооби дарё танҳо дар чайлае зиндагӣ мекардам. Қарор додам, ки ба сайри олам бароям, бифаҳмам, ки дар дунё чӣ гапу чӣ хабаре бошад. Шумо, эҳтимол, дар бораи ин ҷоҳо ягон нақлу ривоят шунида бошед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё