Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ӯро дид. Ҷавон аспро бо тозиёна задан гирифт. Вақте ки тозиёна аз арақ тар шуд, асп ром ва итоаткор шуд. Он вақт ҷавон ҷаҳида ба асп савор шуда, онро бо тозиёнаи дуюм задан гирифт. Асп гоҳ чароғпоя шуда, гоҳ бо ду пои пасаш ҷуфтӣ мезад, вале ҷавонро аз болояш афтонда наметавонист.

Асп тамоман аз мадор рафта бошад ҳам, боз ҷавонро ба замин афтонданӣ шуд. Дар ин вақт ҷавон тозиёнаи сеюмро ба даст гирифт.

— Оҳ, дигар қувват надорам, — фарёд кард асп ва ҳамон лаҳза ба хон табдил ёфт.

Ана ҳамин тавр, хоҳару додар хонро мағлуб карданд.

ДУ БАРОДАР ВА СЕ ҚУБУЛГАТ

Буд-набуд ду бародар ва се қубулгат1 буд. Бародари калонӣ ҳам хост, ки қубулгат шавад. Вай ба додараш гуфт:

— Ман аз инҳо илми ҷодугариро меомӯзам, ту барои онҳо се сол ҳар рӯз хӯроки бомаза тайёр кун.

Се сол гузашт. Он се қубулгат рафтанд. Онҳо илмашонро дар юрти бародарон монда рафтанд. Бародари хурдӣ ба калонӣ гуфт:

— Канӣ, ҳунаратро нишон деҳ, ба шакли зоғ даро!

Бародари калонӣ ба шакли зоғ даромад. Вале ин зоғ на парвоз карда метавонисту на қар-қар карда.

— Акнун ба ҳунари ман зеҳн мон. Вай ба сурати асп даромад. Асп метохт ва шиҳа мекашид. Се қубулгат аз ин хабардор шуда гуфтанд:

— Онеро, ки мо омӯзонда будем, илмро аз худ накард. Онеро, ки мо наомӯзондем, ҳама чизро ёд гирифт. Вай ҳоло аз мо донотар мешавад. Вайро хӯрдан даркор!

1 Қубулгат — ҷодугаре, ки ба шакли ҳайвонот ва дигар ашё даромада метавонад.

пешина
аз 200
навбатӣ