Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Дар он шабҳо, ки борон меборад, ман намегирям. Охир чаро бигирям, ки борон гиряи осмон ва барои мани ошиқи саргардон аст? Агар Ёр ин як ҳақиқатро дарнамеёбад, аз он аст, ки бо ҷавоне ҳар рӯз механдад ва бовар дорад гул бо ханда зебост.
Борону борону борон аст. Ту аз он мегурезӣ ва дар хонаҳои рӯшан паноҳ мебарӣ. Аз борону борону борони чашми ман аммо ҷои гурез дорӣ? Оре, ба ҷуз як хонаи рӯшани дили ман.
Як рӯз ишқ намегузорад, ки номи Туро бар забон бигирам ва аз ҳастият ифтихор бикунам. Ва, эй Ёри зебои ман, ҳеҷ ба ин ҷафо, медонам, ки тоб намеёрам. Аммо, ба ростӣ, Ту ба бевафоӣ ва носипосии ишқ машҳури олам мешавӣ?
Ба ҳама ёронат ифтихор кардӣ. Чаро ҳам ифтихор намекунӣ, ки як ошиқи содиқро дар ин шумори наёвардӣ?
Ва ба ин духтараки бас зебо намедонам чӣ бигӯям. Ӯ низ хомӯш аст. Куҷо хомӯш аст? Ашк мерезад. Ва ин ашк барои ман ҳазор баён аст, ҳазор баёни як дили бирён. Агар ҳам наметавонам бо ин ҳол бигӯям, ки дил ба дигаре додаам ва наметавонам дӯстат бидорам, оби дидагонам беихтиёр мерезанд. Оҳ, ӯ мепиндорад ба дили ман аз роҳи ашк ворид шудааст ва дигар ҳеҷ намебарояд. Ва чаро чашми ошиқ кӯр аст, ки бубинад ман дил надорам?
Чаро ман Туро бояд дӯст бидорам? Агарчи бас ҷавонӣ ва монандаи гул бас зебову пуртароватӣ, наметавонам диламро аз он Ёри номеҳрубон бигирам ва ба ту бибахшам. Агар ҳам мегӯӣ он Ёр ҳеҷ маро аз ошиқони худ намедонад ва дар нимароҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё