Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ба пирамарде сарватманд додӣ, омад. Аммо аз Худо хостам, то он замон, ки Ту дармеёбӣ ишқ чист, дар ин гулистони ҳастӣ бимонам. Агар афсӯс мехӯрам ба беҳуда зистам, ҳам аз дида хун мерезам, ки аз ин беҳтарин неъмати олам- ишқ бенасиб мондӣ.

Худо имрӯз маро сарват бахшид. Ва ман онро ба Ту, эй дилсардтарин Ёри ҷаҳон, додам. Дар ивази он хостам, ки дили маро бозпас бидиҳӣ. Дареғ, ки он дил бо Ту набуд ва ҳам намедонистӣ ин гуна як матоеро кадом замон аз ман гирифтӣ.

Ӯ дигар маро дар ёд надорад. Аммо ман намегӯям, ки ҳамчунони ҳазор соли пеш дӯсташ намедорам. Охир, хушбахтиро ҳар кас ба ҳар навъ шинохтааст.

Ту маро накуштӣ, агарчи мекуштӣ, беҳтар буд. Дили худро пора кардӣ ва ба ҳазор ҷавон бахшидӣ. Мебинӣ, ки дар оташи рашк месӯзам, механдӣ. Аммо Худо гувоҳ аст, ки ман дар ин ҳол ҳам он хандаи Туро бештар аз ҷонам дӯст медорам.

Аз он Маҷнуни ошуфтаҳол дигар барои ман сухан магӯ. Ӯ Лайлие дошт, ки ишқ ба ҳастияш менозид. Агар ман ошиқтар аз он Маҷнунам, боре Ту инро дарнамеёбӣ. Охир, намедонӣ, ки ишқ чист ва ошиқ кист. Ва Лайлиеро чун Ту дӯст доштан осон аст?

Гуфт: «Дарёфтам, имшаб дарёфтам, ки ҳеҷ кас маро дӯст намедорад». Ба Худо, инро ӯ ҳазор сол пеш ҳам медонист. Аммо ман имшаб чун ӯро шинохтаму дӯсташ доштам, мегӯяд, ки ҳеҷ кас дӯсташ намедорад. Мехоҳад ин муҳаббати як ошиқи содиқро аз ҳама мардуми олам ниҳон бидорад ва ҳам маро ба ноумедӣ аз оғози роҳ бигардонад, то ҳеҷ гоҳ ба ёди манзил набошам.

пешина
аз 210
навбатӣ