Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Маҳв мешавам ва ҳеҷ нишона аз ин содиқтарин дилдодаат намеёбанд.
Ними саодати маро хоб бурд ва ними дигарро бедорӣ. Агар Ёр биёяд ва ин матоъро аз ман бихоҳад, намедонам аз шарм чӣ гуна сар ба боло мекунам ва ба он рухи зебояш, ки ҳам зебоӣ ба он рашк мебарад, менигарам.
Эй офтоб, имрӯз боз он рухи зеборо пушти пардаи абрҳо ниҳон кардӣ. Пиндоштӣ Ёри ягонаи ман меояд ва ман масти ҷамолаш мегардаму туро аз ёд мебарам? Ба Худо, Ӯ намеояд, Ӯ дигар намеояд. Агар ҳам пас аз ҳазор сол биёяд, бояд ошиқона ба чеҳраи зебояш бинигарӣ. Охир омадани Ӯ барои лаҳзаест. Ва ту пас аз рафтани Ёр ин як лаҳзаро барои ман ба он рухи зебо бояд ҳар рӯз ёд биёрӣ.
Ҳама ба даъвӣ мегӯянд, ки Туро дӯст медоранд. Агар бидонанд, ки дӯстдорӣ чӣ аст, хомӯш мемонанд ва ба сазои ин гуноҳ ҷони гиромияшонро медиҳанд. Оре ва замоне, ки он Ёр меояд, намедонанд пеши қадамаш чӣ нисор бикунанд.
— Духтараки гулфурӯш! Ту имрӯз беҳтарин гулҳои садбарги сурхатро бо ҳама қимате ки мехоҳӣ, бояд ба ман бидиҳӣ.
— Медонам, барои Ёр мебарӣ ва ӯ имрӯз арӯси ҷавоне мешавад, ки ҳама мардуми шаҳр дӯсташ медоранд.
— Оре!
— Аммо имрӯз барои ту ҳатто як гули садбарги сурхро наметавонам биёбам. Он ҷавон соате пештар омад ва ҳама гулҳои шаҳрро харидорӣ кард.
— Ба Худо, ман наметавонам бе гули садбарги сурх ба ҷашни арӯсии Ёр биравам.
— Чаро савганд мехӯрӣ? Ҳама дарҳои хонаи Ёрро имрӯз бастаанд ва ҳам намегузоранд ҳатто як ошиқи содиқи Ӯ аз дур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё