Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Гиряи баҳор аст. Гуфтам: «Борон ошиқ аст, ошиқи содиқ аст ва он ҳастии зеборо барои шукуфтани гул, барои дамидани сабза ба шодмонӣ мебахшад». Ва пас аз он буд, ки об аз дидагон рехтам. Ва чаро Ту бо андӯҳ, бо дастрӯмоли зебои худ раҳи онро бастӣ ва нахостӣ борон бошам, ҳама борон бошам?
Чаро абрҳо мегирянд ва гулҳо механданд, эй Ёр? Ман аз абрҳо, ман аз гулҳо ин ҳақиқатро намепурсам. Аз Ту мепурсам. Абрҳо ба ман хоҳанд гуфт: «Барои хандаи гулҳо мегирием». Гулҳо ба ман хоҳанд гуфт: «Абрҳо, ки мегирянд, мо бояд бихандем, то олам ҳама аз гиря набошад». Агар Ту низ ин ҳақиқатро барои ман мегӯӣ, дармеёбам, ки бо Ту ҳама сохтаанд ва бояд ҳам ҳазор соли дигар бигирям.
Эй баландболо! Дасти кӯтаҳи ман бад-он шохи пурмева ҳаргиз намерасад. Ва чаро Ту роҳи боғро бар ин як ошиқи нотавони худ дар ин ҳол мебандӣ ва аз дур ба ҳолаш механдӣ?
Шаб аз тиреза ба ҳоли мани нотавон механдад. Агар хандаи ӯ ба хандаи Ту, эй Ёр, як монандие медошт, ман онро худ ба ҷон харидор мешудам. Ӯ механдад, то ман бовар бикунам, ки дигар ҳеҷ гоҳ рӯз роҳи омаданро ба ин хона намеёбад ва Ту ба пурсидани ин бемори худ ҳеҷ намеоӣ. Агар ҳам ҳақиқатро ба амри Ту мегӯяд, ба Худо, намехоҳам умедам бе ёди тулӯи офтоб бимирад.
Чаро кӯшиши Ту бар он аст, эй Ёр, ки маро бифиребӣ? Маро метавон ҳам ба як ҳақиқат, як ҳақиқати содда кушт? Ба Худо, дилам дар ин ҳол бароиат месӯзад ва худро нотавонтарин ошиқи ту дармеёбаму намедонам чӣ сон ёрият бидиҳам. Аммо медонам, агар биёӣ ва он рӯи офтобатро бубинам, чун як шабнам, ки болои гули сурхи дӯстдоштаат ҳастам, дар даме

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё