Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Дар хилвати оина Ту маро ҳеҷ намебинӣ. Ва ман Туро мебинам, ки ба он ҳусни Худодод менигарию менозӣ. Ба Худо, агарчи шодию хушии зиндагиятро ба ҷону дил таманно мекунам, мехоҳам ин замон ҳам оҳе сард бикашӣ. Охир, ба тасаллои худ баъд мегӯям: «Аз ту ёд овард, номеҳрубонаш махон».

Худо Туро ҳусн арзонӣ дошту маро ишқ. Ва ин муждаро барои мардуми олам бурдам. Ба шукрона аз ман гурехтанд ва бо Ту пайвастанд.

Ба он сангҳои дудгирифtai диёри Ёр, замоне ки борони баҳор меборид, нигаристам. Дилам мегуфт: «Болои ин сангҳо деги бузургро мегузоранд ва он гоҳ оташро фурӯзон мекунанд. Агар ҳам борон меборад, наметавонад ин оташро хомӯш бикунад». Ба шумо мегӯям, аз он диёр ҳеҷ кас рахти сафар набаст. Ва ҳам хонаи Ёри ман ба вайронӣ шӯҳрат надорад. Хонаеро агар ободтар бубинед ва ҳам бигӯянд, ки беҳтар аз он дар ин диёр хонае нест, яқин бинамоед, ба мақоми он гули хандон расидаед. Аммо мабодо ба сангҳои дудгирифта бинигареду хира бишавед, ки он ҳама роҳзанони дилу дидаи шумоянд. Ва манам, танҳо манам, ки бо дидани он дилу дидаам нур мегирад ва вуҷудам дар оташи бас тези ишқ боз месӯзад. Ба Худо, шумо ин як сияҳбахту сияҳрӯзгорро дар рӯзи растохез ҳам фаҳм намекунед, агарчи ба ҳолаш замоне чун абрҳои борони баҳор мегириёд.

Ҳар кӣ дар ин ин олам барои худ зиндагӣ мекунад, аммо ман барои Ту мемирам.

Аз он зан, ки ба Ту монандӣ дошт, суроғатро гирифтам. Аз ин суроғам ва нигоҳи пур аз ҳузнам ва ларзиши овозам дарёфт, ки бо дилдодаи ҷигарбанди худ рӯ ба рӯ омадааст. Ба Худо, метавонист маро бо як сухан бикушад, аммо аз таҷрибаи

пешина
аз 210
навбатӣ