Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Мегӯӣ дигар ҳеҷ ёдам намеорӣ. Барои Худо ҳеҷ ёдам маёр, аммо ҳамчунон ҳар рӯз бигӯ, ки ҳеҷ ёдат намеорам. Маро ҳамин як ёд бас аст.

Намегӯед чаро ин духтараки зебо себи сурх овард ва дар равоқи хонаам гузошт? Ба Худо, дар кӯдакиям пас аз анҷоми афсонаҳои ширин чунин як себро ба ман медоданд ва ман ба бӯи он ба хоби ноз мерафтам. Агар ӯ инро медонад ва бад-ин мақсад он себро овардааст, аз шумо мехоҳам афсонаи ширинеро бароим бигӯед.

Барои Худо, ба оинаҳо бигӯед, ки Ёри маро зеботар аз ҳама рӯзҳои дигар бинамоянд. Ба поси ин ман ҳама мардуми шаҳрро оинабардаст мекунам. Охир, Ӯ мехоҳад дигар дар кунҷи хона бинишинад ва он ҳӯсни муборакро аз хеш ҳам ниҳон бисозад.

Савганд ба покию рӯшании оинаҳо, Ӯ метавонад ҳазор сол ҳамчунон бинишинад, аммо мо як рӯз ҳам тоби ин маҳрумиро намеорем.

Дар интизори субҳ, субҳи муборак нишастаам. Ва чаро аз шаб тарсидам ва ба сӯи Ӯ нарафтам? Ба Худо, ӯ худ омад ва маро дар хиҷолат гузошт. Пас аз он офтоб рух намуд ва ман дарёфтам, ки дигар ҳеҷ гоҳ шабам саҳар намешавад.

Дилам дигар аз Ту сард шуда. Агар ҳам механдӣ, агар ҳам мегирӣ, маро ба он коре нест. Зебоӣ низ он нерӯро намеёбад, ки маро ба сӯи Ту бибарад. Ба он баҳори диёрат бо ошиқони худ биноз ва номи маро ҳеҷ бар забон маёр. Агар ҳам дар оби чашмаҳо аксамро мебинӣ, ба ҳақиқати он ҳеҷ бовар макун ва бупиндор, ки мурдааму хаёлат онро менамояд. Аммо агар паррандае зебо ошиқона рӯ ба рӯи Ту таронаи фаромӯшшудаи

пешина
аз 210
навбатӣ