Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Шариф-амак баъди ҷо ба ҷо карда гузоштани динамит,
саросема пилтаро оташ заду ҳарду пасопеш қад-қади ёли кӯҳ
гурехтем. Дуртар рафта, дар таги ҳамон зов панаҳ гаштему
паи ҳам ду таркиши бузургу кучак кӯҳу кӯталро ба ларза
оварда бо садои даҳшатноке чандин тонна хоку сангро ба
ҳаво бардошт ва ба атроф фурӯ рехт. Кӯҳ чунон ларзид, ки
шах канда гашта, моро зер мекунад, гӯён тарсидам. Ёнаи кӯҳро чангу ғубор гирифту дигар ҳеҷ чизро дида намешуд. Ҳатто
қурси офтоб ҳам базӯр намоён буд.
Онҳо ба бошишгоҳ расиданду диданд, ки сатили оббиёрӣ дар як сӯ пачақ гаштааст.
— Дидӣ-ё? — гуфт Шариф-амак онро ба даст гирифта.
— Аз ёд рафтаст. Омада-омада санг ба ҳамин заданашро бин,
— гуфт вай сатилро чарх занонда дида. Саркор чигуна рост
кардани онро меандешид.
Рӯз гашт карда буд, аз ҷониби кӯҳ насими серун мевазид.
Ғуборе, ки бар асари таркиш ба ҳаво бархоста буд, монанди
меғ дар ёнаҳои печида мерафт ва оҳиста тунук мегашт.
Ману Саркор ҷои чодирро омода кардему ба бардоштани кулбаи брезентиамон шурӯъ намудем. Ба нӯги ресмони чодир яктогӣ санги калонро баста, ду тараф ресмони онро кашида ва барои аз ҷо налағҷидани сангҳои ресмон бастагӣ, ба
пеши ҳар яке ду-се санги дигарро тамба мекунед.
Ногаҳон, қоматамро рост гирифтаму ҷонвари ба сӯямон
тозонро дида, сараввал саргаранг мондаму карахт гаштам ё
ба чашмам бовар накарда ҳайрон будам, намедонам. Азбаски
саркор пушт ба сой буд, аз вазъи ман бехабар “ресмона каш!”
гуфту сипас ба рӯям нигаристу, сонӣ бо ишораам ба қафо рӯ
оварда, аз воқеа огоҳӣ ёфт. Хирси барзангие ҳарсосзанон аз
поён рост ба ҷониби мо меомад. Даҳони кушодаи вай, забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё