Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
кардам. Зоғнӯл бе ҳеҷ зарб, бо вазни худаш ба замини заранг меафтоду онро казоӣ нарм намекард. Аммо боз ҳам пайваста зоғнӯл мезадам. Баданам тафсида арақшор гашту куртаю зерпӯшам ба танам часпид. Либос аз тан кашидаму то ба миён урьён гашта корро идома додам. Лаҳзае нагузашта хоку ғубор ба бадани арақшорам часпида ҷисми маро саропо ба кӯзаи гилин шабеҳ кард.
— Ист, — ба сари ман омада амр кард Шариф-амак, — як дам нафас рост кун. Инсон ба кори сангин якбора одат намекунад, — вай зоғнӯлро аз дастам гирифту ором, ба як маром ба чуқур кофтан шурӯъ кард.
Фурсати як пиёла чой хӯрдан нагузашта дубора ба дасту поям қувват дамиду зоғнӯлро аз дасти саркор гирифта кӯшидам бидуни саросемагӣ, монанди Шариф-амак дилпур, ба як маром замин канам.
— Хӯш, ба куҷо руст мешавӣ, мулло? — ногаҳон хаёли маро бурида савол кард саркор.
— Лаббай?
— Ба кадом сун мегурезем, мегӯям?
— Ман чӣ донам, — дар ҳолате, ки бо бел хоку шағали кандагиро гирифта мепартофтам, ҷавоб додам. — Шумо ба кадом тараф, ман ҳам аз қафоятон. — Ҳӯ, ана, вай зов читу?
Шариф-амак ба ҷои ҷавоб ангушти ишоратиашро лесида тар карду боло бардошт. Илҳом бо тааҷҷуб ба бел такя карда ба кори ӯ нигарист.
— Шамол аз боло, — гуфт саркор ангушташро поён фуроварда. — Ба таги ҳамон зов медароем.
— Шамол чӣ дахл дорад?
— Чангу ғуборро ба тарафи мо барад, хуб аст? Ҳоло тамошо кун, чӣ қиёмате қоим мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё