Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шудани падару модарашро пеши назар оварда дарун-дарун месӯхт: “Эҳ, афсӯс, дар дами пирӣ чунон уқубате ба сарашон овардам, ки... камаш панҷ-шаш соли умрашона сӯҳон кардам.
Хайрият, ки додару хоҳараконам ҳастанд... Шукри ҳамонҳора гуфта худашона таскин медиҳанд... Аз ҳамин сабаб мегуфтаанд-дия: “якта фарзандат бошад, фарзанд дорам нагӯӣ...” Дилашона обу адо кардам. Очаам мегуфт, ки меҳри ҳар кадомат дар дилам алоҳида аст... Тобистон кӣ дигар ба ҷои он кас ба кори колхоз мебарояд? Саркор ба таҳи дарвоза омада гаранг мекунад: “Ҳамаи занони деҳа ба кори колхоз мебарояд, шумо шох доред-чӣ?! Дар ин мамлакат касе, ки кор накунад, намехурад, агар бо кори колхоз набароед, аз ҳудуди он кӯчида равед...” Ба вай ваҷҳу сабаб эътибор надорад. Очааш намшӯхию нимҷиддӣ мегӯянд: “Худо хайре диҳадат, Чӯлибой, нахур гӯй, валло, намак ба даҳан намегираму то ҳамин кӯдак сиҳат шудан об хӯрда зиндагӣ мекунам, мана ташвиш надеҳ...” “Зани ман ҳам шаш кӯдак дорад, ҳар рӯз касал дорад, ба кор мебарояд” – гӯён саркор ду пояшро ба як мӯза зада меистод. Боз чӣ мегӯяд-а: “Ба занони фаъолони колхоз забон нарасонед, марди онҳо шабу рӯз аз паи кори колхоз медавад. Марди шумо барин чор соат “Абете – маориф пула те” гӯён, ба хона омада ёнбош намекунад... Кӯдакора фиреб додан осон аст, ин халқ қатӣ як рӯз муомила кунанд...” Агар очаам ба кори саҳро равад, сонӣ... Умед ҳам писараки Усто барин ба пеши очаам меравам гӯён, аз ҳавлӣ барояду...” Вай андешаҳои ғамангезро аз сараш дур андохтан хосту ба паҳлуи дигар гашт. Самеъ ва Ҳусейн аллакай хуррак мекашиданд. “Ба падару модари Ҳусейн ҳам мушкил – буду шуд ду писар доштанд. Додараш ҳолӣ хурд. Ҳама умедашон ба ҳамин Ҳусейн буд... Ба модари Са-

пешина
аз 192
навбатӣ