Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
шудаанд, пӯк шудаанд, ба нафақа раванд-дия. Ба ҷавонон
ҷора холӣ кунанд.
– Ҳамин сол ба шаст медароянд, – гуфт Рашид ба оҳанги
суханони Самеъ беэътино. Овози вай ҳоло бағоят дарднок ба
гӯш мерасид.
– Афташон пири ҳафтодсола барин-ку?
– Додои ман қатӣ баробар будаанд, – гуфт Ҳусейн.
– Не-е? – тааҷҷуб кард Самеъ. – Афташона дида додои
тура писари ун кас мегӯӣ! Қанд зананд!.. Ишраташон зӯр-дия,
вай бо шавқ лабонашро чалаппос занонд.
Боз ба миён сукунат афтод. Рашид ба сангчае ба рег хат
мекашиду фикр мекард, Самеъ пинак мерафт, Ҳусейн ғарқи
андеша ҳамвора бинӣ мекашид.
– Аз додот ҳеҷ хату хабар ҳаст? – ногаҳон Ҳусейн ба Самеъ муроҷиат карду сукунатро шикаст. – Вай давоми андешаҳоеро, ки дар сараш ҷавлон дошт, изҳор накард. – Ҳеҷ дастгирӣ мекунанд охир?
– Хока, – ба инкор сар ҷунбонд Самеъ. – Зан гирифтаст,
акнун мора ёд меорад-чӣ? – Сипас, даст афшонду гуфт:
– Намурам, қасдама мегирам.
– Бо додои худат қасд дорӣ? – ба гӯшаш бовар намекард
Ҳусейн. – Гуноҳи вай не. Ту худата ба ҷои он кас монда нигар...
– Ҷоғата гир! – Самеъ бо ғазаб ба вай чашм песонд. –
Ана, вай барин аҳмақо ин гапа баровардагӣ... – Сонӣ ба
тариқи эзоҳ гуфт: – Ҳар дуяшон барои чизе ҷанг кардагию...
баромада рафтагӣ.
Риштаи хаёли ҳар яке боз ба хонавода пайванд хӯрд. Рашид ҳар боре, ки вазъи ҳозираи хонаводаашонро ба ёд меовард, аз ғусса нафастанг мешуд, ӯро ҳалок шуд гӯён обу адо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё