Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Албатта, чашми бахил – кӯр.
– Кӣ бахил? Ман?.. Чӣ бахилӣ кардам? А? Гап зан!
– Ту ба додои ман чӣ кор дорӣ? Даҳанатба нигариста гап
зан. Ман ҳам забон дорам.
– Дузда дузд мегӯянд.
– Туро чӣ мегӯянд? – Ҳусейн одатан, забонашро дошта
наметавонист. – Додота мешиносӣ охир? – бо тамасхур, асроромез ба ӯ нигарист вай. – Писари кӣ ту? Очат туро зодагинда додот барои чӣ баромада рафт?
– Чӣ-чӣ?.. Ҳозир исбот мекунӣ, набошад... – Самеъ ҷаҳида хесту аз гиребони Ҳусейн гирифт.
– Ҳой, бас!.. Ҳазл-ҳазл катӣ... – Рашид ба таҳлука афтоду
ба миёни он ду даромад. Ҳусейну Самеъ гиребони якдигарро
сар намедоданду такондиҳию телакунӣ доштанд.
– Ҳозир даҳаната аз пушти сарат мекушоям... – дашном
медоду гулӯи Ҳусейнро сахт мефишурд Самеъ.
– Ин қадар бодигӣ накун, кӣ будани тура ҳама медонад!
– мегуфт Ҳусейн. Азбаски гулӯи ӯро Самеъ фишурда буд, овозаш хиррос мезад.
Дар як миҷа задан саҳнаи тасар-тусур мушту лагатзанӣ,
дашному ҳақоратдиҳӣ барпо гашт. Дар торикӣ то ҳар дуро аз
ҳам ҷудо кардан, Рашид ҳам ду-се мушту лагад хӯрду бо азобе
деҳодеҳро пасанда кард. Зотан, худи ҷангиён ҳам аз ҳол рафта,
дасту пояшон аллакай дарақ-дарақ меларзиду ба сахтӣ нафас
мекашиданд.
– Валлоҳ, аз шумо аҳмақтар бача набудаст!.. Худатон дар
дами маргу... боз бадгӯӣ, кинаю адоват... – фиғон баровард
Рашид.
– Э, ин ҳаромхӯра бин... – носазо гуфт Самеъ.
– Ту худат ҳаром, мурдор...

пешина
аз 192
навбатӣ