Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Бас-бас!
– Ҳолӣ ист... тухматба алав мемонам... Дониста мон, – ришаш набошад ҳам, монанди ришдорон манаҳашро ба қабза гирифт Самеъ, – додои ту ҳақимардумхӯр аст!.. Аз ҳақи чӯпон мезанад, аз ему алафи мол мезанад... Дар рамаи колхоз як моли дуруст намонд... Калонони районба хуронданаша халқ намедонад?! Нағз медонад! Вақти соаташ ояд, нишон медиҳам!
– Аз дастат ояд, ҳар кор мекунӣ, лекин ҳайфо...
– Ин хел катӣ рӯз дидана ман худама аз зов мепартом!
– Тезтар парто... – Ҳусейн дар ҷавоби Самеъ сухан наёфта ночор монду дар хӯрдагирӣ сар кард: – Додот худама мекушам гӯён ба ҳавз партофтагӣ-ку!
– Сабр кун, телба нашав... Ба решаи додои ту ҳам табар меояд... Ҳукумат ресмона дароз партофта мондагӣ. Як гирду ғун карда гирад, чашмата мош барин кушода мемонӣ!
– Ҳамон вақт ҳам ман як бурда нон пурсида ба дари ту намеравам! Боз ту меоӣ! Аз ёдат баромад-дия, ишкамат акнун сер шуд... Кӯрнамак!.. Очет сари азон катӣ нон пурсида меомад, гадой барин аз таҳи дар намерафт... Аз ёдат набарор!
–Ҳолӣ ист, маълумот дода, додота пояша аз осмон набиёрам, номам Самеъ не!
– Бас! – якбора овоз баланд кард Рашид. – Бас!
– Эҳ-ҳе, хобата рафта ба об гӯй! Ба гапи ту бовар мекардагӣ аҳмақа очааш назоидаст! Далел даркор! Набошад, барои тӯҳмат Ҷӯрахоли Ҷаббор барин рафта мешинӣ!
– Аз барои савоб, бас кун, Самеъ, набошад... – Рашид бо ғазаб аз ҷояш бархост.
Ғазаби вай асар кард магар, ҳар ду тараф хомӯш гаштанд. Дар ғор торикии ғализ бо сукунати мудҳиш ба ҳам омехта, кам-кам дилҳои онҳоро фишурдан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё