Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
бо зӯри ирода худро ба даст мегирифт. Ӯ фикр мекард, ки ҳоло падару модар ва хоҳараконаш дар чӣ аҳвол бошанд.
Хабари ҳалокати ӯро шунида бошанд... Не, мотами наздикони худро дар тасаввур овардан ба ӯ мушкил буд... Саҳл монд,
ки ӯ фарьёд кашаду ҳой-ҳой зада гирья кунад.
– Ба дуои бад гирифтор шудем-чӣ? – Ҳоло Самеъ гирьяолуд суханони ду рӯз қабл аз ин гуфтаи Ҳусейнро беихтиёр
такрор мекард. – Чӣ гуноҳи сахт кардем? А? Ягон гуноҳи ганда накардем-ку!
– Ту ҳам худата бегуноҳ ҳисоб мекунӣ? – Фиғон баровард Ҳусейн. – Аҷаб не, ману Рашид ба касофати ту...
– Бас кунед-е, – гуфт Рашид бо нияти пешгирӣ кардани
хархаша.
– Кӣ бегуноҳ? Ҳамаамон ҳам гуноҳ дорем, – гуфт Самеъ.
– Ту мусичаи бегуноҳӣ?
– Ҳа, чӣ? Ту баринам?
– Ҳой, аввал гиребоната дурусттар бӯй кун! – Самеъ аз
каҳр фишшос зада ба Ҳусейн рӯ овард. – Додот ду зан дорад?
– Аз рӯи қонун ду зан доштан нодуруст бошад ҳам, шариат иҷозат медиҳад.
– Иҷозат медиҳад?! Ба болои очаат ҳоҳарзодааша гирифт! Духтари холаата! Ҳама айб карданд! Кофир ҳам ин кора намекунад, гуфтанд. Аввал мулло никоҳ намекунам, гуфтаст, сонӣ муллора ҳам дӯғу пӯписа карда тарсонд. Гумонат,
мо намедонем?!
– Додомба забон нарасон, аз худам гап зан! – гуфт Ҳусейн андаке паст фуромада. – Додом ба роҳи худаш... Одами
кӯҳна...
– Ана, барои ҳамин ин қадар нафахр! Аз пушти моли
колхоз калонӣ мекунед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё