Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Онҳоро гуруснагӣ ба шиканҷа гирифта буд, аммо ҳеҷ кас аз хусуси хӯрок даҳон намекушод: ҳама хомӯш решахоӣ мекарданд, аз ҳар хусус гап мезаданд, аммо дар сари ҳама ҳамин як фикр – чизе ёфта хӯрдан ҷавлон мекарду бас.
Самеъ фикр мекард, ки реша адо шавад, сонӣ чӣ мешавад. «Рашид ҳаминро дониста кам-кам хуред, мегӯяд. Чӣ кор кунам? Аз ино пештар решаи будагира ғун карда гирам-чӣ?
Ино сонӣ чӣ мегӯянд?.. Ягон баҳона ёфтан даркор... Решара ғун карда гирам, сонӣ кам-кам хӯрда то баҳор мерасонам. Лекин чӣ баҳона ёбам? То ки ин камхун ғиди-ғидӣ накунад... Ҳусейн хап мешинад... – Самеъ бо ҳамин андешаҳо хеле муддат хомӯш решаеро хоида нишаст. – Рашид имрӯз дутагӣ реша тақсим кард... Барои чӣ вай тақсим мекунад? Аз фардо ҳамаашро ба дасти худам мегирам. Агар ҳамин хел накунам...»
Дар назари Ҳусейн ҳоло пайваста тасвири ҳалокаш дар ин ғори шум ҷилва мекард. Пеши назар меовард, ки чӣ хел «ягон вақт одамон устухони онҳоро дар ин ҷо меёбанду деҳа боз, ҳозира барин ба по мехезад... Модараш рӯю мӯй меканад... Сонӣ... сонӣ устухони ҳар якеро ба як ҷувол андохта бурда, дар гӯристони деҳа гӯр мекунанд. Якбора аз се ҳавлӣ се тобутро мебардоранд... Қатор сета гӯр мекананд...»
Рашид фикр мекард, ки «оби чашма ба куҷо мерафта бошад... Ба ғор аз куҷое ҳаво медарояд-ку... Аз қабати барфу ях рӯшноӣ саҳл мегузаштаст. Ба дарунтари ғор равем, дар ягон ҷо сӯрохӣ бошад агар, соз мешуд. Лекин ягон нишони рӯшноӣ нест... Чӣ кор кунем?.. Ягон илоҷ ҷустан даркор...»
Шоми дигар фаро расиду авзои онҳо бештар ғамнок гашт. Ҳусейн хомӯш ашк мерехту ҳиққос мезад. Самеъ ӯро тасаллӣ доданӣ шуд, аммо худаш ҳам гирист. Рашид рӯҳафтода ва пакар буд, дам ба дам дар чашмонаш ашк чарх мезад, аммо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё