Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сӯма гирифтам.
– Барои ҳамин ба курси шоферӣ даромадӣ-да? – тамасхурашро пинҳон накард Рашид. – Мазахурак гашта...
– Набошад-чӣ, – гуфт Самеъ бо ифтихор. – Шоферҳо расо зӯр кор мекунанд. Ҳамид дар ду рӯз қариб чорсад кор кард.
– Медонед, мегӯянд, ки ҳамин Ҳамида додош дар бозори
шаҳр партофта рафтагӣ, – аз гап-гап баромаду сухан сар кард
Рашид. – Вай панҷ-шаш сол пеш ба деҳа омад-ку. Солҳои ҷанг,
қаҳтию гушнагии зӯр будааст, нони хӯрдани надоштаанд.
Додош ризқу рӯзӣ кофта, писараш – ана, ҳамин Ҳамид катӣ ба
бозори шаҳр меравад. Ҳамид панҷ-шаш сола будаст. Андаке
аз додош қафо монад, мардак аз роҳаш гашта ду-се шаппотӣ
мезанаду меравад. Ҳамид гирён мемонад. Милисаҳо гирифта
ба сағирхона месупоранд. Баъд аз як сағирхона ба сағирхонаи
дигар афтода дур меравад. Калон мешавад, хонадору зану
фарзандор мегардад. Сонӣ як рӯз бо як одам шинос мешавад,
ки вай аз тарафҳои мо будаст...
– Не, аввал хоб мебинад, – сухани ӯро бурид Ҳусейн. –
Хоб мебинад. Таъбири хобаша аз як мӯйсафеди ҳамсояаш
мепурсад, вай пиракӣ мегӯяд, ки додот будаст, додота меёбӣ.
– Сонӣ аз ҳамон одам дарак пурсад, мегӯяд, ки додот
фалонӣ зинда, дар фалон деҳа аст. Номи деҳа ҳам аз ёдаш
рафта будаст. Ана, баъд кофтуков карда омад. Додош бетоб
будаст, аз ҷояш хеста наметавонистааст. Кӯчида омада ду сол
бемордорӣ кардааст. Сонӣ мӯйсафед аз дунё гузаштагӣ. Аввалҳо ҷавони ҳалолкору тандеҳ буд, мегӯянд...
Онҳо бо ҳамин хел гапҳо худро саргарм карда хеле нишастанд. Вақте ки сармо аввал ба пойҳояшон, сонӣ ба тамоми
вуҷудашон таъсир кард, бо навбат сангбардорӣ карда, гарм
шуданд.

пешина
аз 192
навбатӣ