Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

чиз ояд, – гуфт Рашид.
– Гӯям? – пурсид Самеъ баъди хеле сукут. Сипас, таъкид кард: – Гӯш кунед, як бор Ҳамиди Атола мана дар пеши идора диду гуфт, ки ба як ҷо барам, мерӣ? Гуфтам: ба куҷо? Гуфт, ба шаҳр. Ду рӯзба рафта меоем, бисту панҷ сӯм кор мекунӣ. Гуфтам, майлаш. Рафта аз очаат пурсида биё, гуфт. Сонӣ аз боғи нав биҳӣ бор карду ба тарафи шаҳр ронд. Аз район гузаштему сари раҳ ба ду-се ҷо даромада гапзанон карда баромад, ман мошинба нигариста истодам. Сонӣ биҳира бурда ба зовут фуровардему ба бозор рафтем. Гапзанон карда, бори савдогарона бор карду ба тарафи Ӯзбекистон зад. Дар раҳи омад як мошин тарбузи як одама бор кард. Дар раҳ ҳар куҷо бозор бошад, меистем. Ҳамид катӣ вай, соҳиби тарбуз бозора фаҳмиданӣ ё чой хӯрданӣ мераванд, ман – мошинпой. То онҳо гашта омадан, чорта-панҷта тарбуза пул мекунам. Дувоздаҳта тарбузаша фурӯхта гирифтам. Аз ҳама аҷоибаш сонӣ... Ҳамин мошина ба бозор дароварду ба он савдогар тарбузата тезтар фурор, гӯён худаш ба ким-куҷо рафт. Савдогар ба ман се тарбуз доданӣ шуд, то ки аз мошин катиш фурорам. Қафои мошин кушодагӣ. Ними тарбуза фуровардем, ҷой танг шуд, савдогар гуфт, ки мошина камтар пеш гирифтан даркор. Ҳамид нест. Ба кабина шиштаму калиди мошина ҳамту тобам, мошин ғаррӣ карда як ҳаллос зад!.. Э, заҳраам кафид. Фуромада, нигарам, қариб ними тарбузи дар мошин будагӣ лола барин суп-сурх дар замин... Қариб бист тарбуз нобуд шудаст-е! Вай савдогара фиғонаш баромад. Аз ҳақи кирои мошин медорам, мегӯяд... Тарсидам.
– Да скорост буд-чӣ? – пурсид Ҳусейн.
– Ҳа-да. Сонӣ Ҳамид омад, ҳақи кирора рӯёнду ҳай кардем. Савдогар се тарбузи мана надод. Аз Ҳамид бисту панҷ

пешина
аз 192
навбатӣ