Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Ҳоло ҳар се ба як ҷо ҷафс нишаст, кӯшиш мекарданд, ки якдигарро ба гап гиранду мудом сӯҳбат кунанд. Торикӣ ба дили онҳо ваҳм афканда буд.
Вақте ки хоб бениҳоят ғалаба кард, онҳо бо навбат як нафарро ба хобидан рухсат доданду ду нафар посбон монданд ва ба ҳамин минвол бо навбат кам-кам хобашонро гирифтанд.
Б о б и с е ю м
Дар ҷустуҷӯи хӯрок. Решачинӣ. Ба умеди алав.
Саҳарӣ ҳар се танро ҳам хоб рабудаст. Бедор шуданд, ки
пешайвон андаке равшан шудасту онҳо бемалол суроби
якдигарро мебинанд. Ҳарчанд ки ҳанӯз гуруснагӣ сахт азоб
намедод, вале таҳлукаи он аллакай дилашонро беқарор карда
буд. Бо вуҷуди ин, онҳо боз ба тафтиши даромадгоҳ шурӯъ
намуданд. Баъди он ки хеле заҳмат кашида як пора-ним пора
яху сангро кӯчонданд, сангҳои калон пеш баромаданд, ки онҳоро аз боло бори гарони барфу санг зер мекарду илоҷи ҷунбондан набуд. Онҳо пай бурданд, ки ҷаҳдашон ба ҷое намерасад, вале ҳар се тан низ аз иқрори ин ҳақиқат меҳаросиданд.
Умеди зиндагиро дар дил куштан осон набуд. Барои дар дил
куштани ин умеди ягона сараввал мебоист умеди дигаре пайдо кунанд. Вале Рашид ба ин худфиребӣ зиёда тан дода наметавонист.
– Ҳозир ҳеҷ кор карда наметавонем, – гуфт оқибат вай
шариконашро аз кор боздошта.– Беҳуда вақт мегузарад.
– Чӣ кор кунем? Даст пеш гирифта шинем? – зарда кард
Самеъ.
– Не, даст пеш гирифта шиштан даркор не... Аввало ягон
чизи хӯрданӣ ёфтан даркор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё